Нишасти матбуотӣ дар Иттифоқи Тоҷикматлубот

0
282

– Нишасти матбуотӣ рӯзи 21 июли соли 2021, соати 11:00 баргузор гардид. Дар кори он сардори Сарраёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сабурзода Мирзодавлат иштирок намуданд.

– Дар нишасти матбуотӣ 38 нафар намояндагони воситаҳои ахбори омма аз рӯзномаву маҷаллаҳо, шабакаҳои радио ва телевизиони ҷумҳурӣ ва хабаргузориҳои иттилоотии хориҷӣ ба монанди “Радиои Озодӣ” ва “Спутник” иштирок намуданд. Пеш аз оғози нишасти матбуотӣ  ба ҳозиршудагон маълумотнома (пресс-релиз) ба забонҳои давлатӣ ва русӣ  оид ба натиҷаи фаъолияти кооператсияи матлуботи ҷумҳурӣ дар нимсолаи аввали соли 2021 ва вазифаҳои дарпешистода тақсим карда шуд.

      -Нишасти матбуотӣ бо риояи ҳатмии қоидаҳои беҳдоштӣ баргузор гардид. Ин дафъа мухбирон, рӯзноманигорон ва хабаргузорон оид ба хусусигардонии моликияти соҳа, имкониятҳои дар шаҳри Душанбе аз тарафи Тоҷикматлубот таъсис додани дуконҳои сабзавотфурӯшӣ, фаъолияти бозорҳои наздисарҳадӣ бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, воридот ва содироти маҳсулот, эҳёи корхонаҳои саноатии соҳа, боло равии нархи сабзӣ дар бозори истеъмолӣ, захираи маҳсулоти кишоварзӣ барои тирамоҳу зимистони солҳои 20201-2022, чорводорӣ ва занбӯри асалпарварӣ, фаъолияти ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар шаҳри Душанбе ва дигар масъалаҳо пурсиш ба амал оварда, кормандони масъули соҳа ба саволҳои онҳо ҷавоб гуфтанд.