Нишасти матбуотӣ дар Иттифоқи Тоҷикматлубот 09.02.2021.

0
56

Мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, № АП-1729 ва вобаста ба супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.01.2021, № 26/10-21 дар бинои Иттифоқи Тоҷикматлубот рӯзи 9 феврали соли 2021, соати 10:00 нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Дар нишасти матбуотӣ оид ба фаъолияти кооператсияи матлуботи Ҷумҳурӣ дар соли 2020 ва вазифаҳои дарпешистода ба ҳозирин ба таври мухтасар ахборот дода шуд.

Ахбороти мухтасар
оид ба натиҷаи фаъолияти кооператсияи матлуботи
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 ва вазифаҳои дарпешистода

Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот соли 2020-умро бо нишондодҳои зерин Ҷамъбаст намуд:
Даромади умумӣ ба 104,1 млн. сомонӣ расонида шуд, ки ин нисбат ба амали соли 2019 дар ҳаҷми 6,5 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Аз Ҷумла:
Пардохти доимии яквақта 11,0 млн. сомонӣ буда, назар ба соли 2019 дар ҳаҷми 783 ҳазор сомонӣ зиёд аст;
Даромади хизмати пулакӣ ба 7,1 млн. сомонӣ расонида шуд ва ин аз соли 2019 ба қадри 572 ҳазор сомонӣ афзоиш дорад;
Иҷорапулӣ дар ҳаҷми 19,9 млн. сомонӣ иҷро гардида, аз амали соли 2019 1,2 млн. сомонӣ зиёд мебошад;
Ҳамчунин, аз илованархии савдо 264,0 ҳазор сомонӣ, аз фурӯши маҳсулоти корхонаҳои истеҳсолӣ ва хоҷагӣ 509 ҳазор сомонӣ даромад гирифта шуд;
Аз дигар манбаъҳо 65,4 млн. сомонӣ даромад ба даст оварда шуд, ки аз соли 2019 ба қадри 5,5 млн.сомонӣ зиёд мебошад.
Ба буҷети давлат аз ҳама намуди манбаъҳо 33,0 млн. сомонӣ андоз пардохт гардида, нисбат ба соли 2019 ба қадри 1,8 млн. сомонӣ афзоиш дорад.
Барои корҳои сохтмонӣ, азнавсозӣ, таъмиру тармими бинову иншоотҳо ва хариди воситаҳои асосӣ дар давраи ҳисоботӣ ба андозаи 15,3 млн. сомонӣ хароҷот карда шуд.
Аз ҳисоби сохтмону таъмири бинову иншоотҳо дар ташкилоту муассисаҳои Иттифоқи Тоҷикматлубот 193-адад ҷойҳои нави корӣ барои сокинони кишвар муҳайё карда шуд.
Корхонаҳои коркарди меваю сабзавоти Иттифоқи Тоҷикматлубот дар мавсими коркард 155 ҳазор қуттии шартӣ маҳсулот истеҳсол намуданд.
Мутобиқи дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот дар арафаи ҳамаи ҷашну чорабиниҳо, аз ҷумла, ба муносибати Соли нави мелодӣ, Наврӯзи байналмилалӣ, моҳи Рамазон, иди Қурбон, рӯзи Ваҳдати миллӣ, ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҷашнҳо ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзиро баргузор намуд, ки ин ба ғанӣ гардидани бозори истеъмолӣ бо молу маҳсулот ва танзими нарх дар бозорҳои шаҳри Душанбе мусоидат намуд.
Дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз 2 сентябри соли 2020 дар назди бозорҳои “Меҳргон”, “Саховат” ва буриши кӯчаҳои Ҳусейнзода-36 – Мирзо Турсунзода ярмаркаҳои доимамалкунандаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил карда шуд. Ба воситаи ярмаркаҳо ба сокинони шаҳри Душанбе маҳсулоти кишоварзӣ бо нархҳои нисбатан дастрас пешкаш гардид.
Дар анбору сардхонаҳои ташкилоту хоҷагиҳои соҳа ба ҳолати 1 декабри соли 2020 ба миқдори 2364 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ва 633 тонна ангишт захира карда шуд.
Дар Иттифоқи Тоҷикматлубот 45-адад анборҳои захираи маҳсулоти кишоварзӣ ба масоҳати 15790 м2 мавҷуд мебошанд.
Дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2020 ва дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурӣ оид ба пешгирӣ ва мубориза бар зидди эпидемияи коронавируси COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ситоди доимамалкунандаи Иттифоқи Тоҷикматлубот таъсис ёфта, фаъолияти безараргардонии бозорҳо ва дигар бинову иншоотҳои ташкилоту хоҷагиҳои кооператсияи матлуботи Ҷумҳуриро таҳти назорати доимӣ қарор дод. Корхонаҳои иттифоқу ҷамъиятҳои матлуботи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар якҷоягӣ ва дар мувофиқа бо Марказҳои санитарию эпидемологии минтақавӣ дар бозорҳо, фурӯшгоҳҳо ва иншоотҳои кооператсияи матлубот корҳои безараргардониро мунтазам амалӣ намуданд.
Дар муассисаҳои таълимии Иттифоқи Тоҷикматлубот – Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Донишкадаи иқтисод ва савдои шаҳри Хуҷанд ва Литсейи назди Донишгоҳ тамоми шароитҳо муҳайё карда шуда, барои иқтисодиёти ҷумҳурӣ мутахассисони зарурӣ тайёр карда мешавад.
Дар соли 2020-ум аз муҳосиботи дастгоҳи Иттифоқи Тоҷикматлубот ба оилаҳои камбизоат, маъюбон, ятимону шахсони имконияташон маҳдуд, собиқадорони ҷангу меҳнат, бепарасторон ва дигар муассисаҳо дар маҷмӯъ ба маблағи 137 ҳазору 223 сомонӣ кумакҳои хайрияи молиявӣ расонида шуд.
Ба муносибати сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 21-адад бинову иншоотҳои соҳа дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ азанвсозӣ ва таъмир карда ба ҷашн омода карда шуданд.
Вазифаҳои дар назди Иттифоқи Тоҷикматлубот дар соли 2021 дарпешистода, ин, пеш аз ҳама иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи ҳадафҳои оинномавии иттифоқу ҷамъиятҳои матлубот ва корхонаву хоҷагиҳои онҳо мебошад. Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот кушиш менамояд, ки дар амалӣ намудани вазифаҳои зикршуда саҳми арзанда гузорад. Аз ҷумла:

  • Омодагӣ ба таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Иҷрои нишондиҳандаҳои буҷети қабулнамуда ва зиёд намудани ҳаҷми даромад, инчунин баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ, афзоиш додани хариду захираи маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳаҷми истеҳсолот;
  • Таъмиру азнавсозии бозори Идораи маҳсулоттайёркунии ноҳияи Ховалинг;
  • Сохтмони бозор дар ноҳияи Мастчоҳ;
  • Ба анҷом расонидани сохтмони бозори замонавӣ дар маркази ноҳияи Носири Хусрав;
  • Идома ва анҷом додани сохтмони “Маркази савдо”-и дуошёна дар ноҳияи Восеъ;
  • Азнавсозии бозори ҷамъияти матлуботи ноҳияи Муъминобод;
    Барои амалӣ намудани корҳои сохтмонии номбаршуда тақрибан 11 млн. сомонӣ равона гардида, аз ин ҳисоб ҷойҳои иловагии корӣ ташкил карда мешавад. Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот иқтидори иқтисодию молиявии соҳаҳои худро боз ҳам пурзӯр намуда, фаъолияти худро баҳри хизматрасонӣ ба мардум равона менамояд.