Нишасти матбуотӣ дар Иттифоқи Тоҷикматлубот 07.02.2022.

0
245
  • Дар нишасти матбуотӣ, ки дар Иттифоқи Тоҷикматлубот 7 феврали соли 2022 баргузор гардид, намояндагони 37 номгӯйи воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд. Инчунин, дар нишасти матбуотӣ сардори раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Сабурзода Мирзодавлат иштирок намуданд.
  • Ба намояндагони рӯзномаву маҷаллаҳо, шабакаҳои радио ва телевизиони ҷумҳурӣ маълумотнома (пресс-релиз) ба забонҳои давлатӣ ва русӣ  оид ба натиҷаи фаъолияти кооператсияи матлуботи ҷумҳурӣ дар соли 2021 ва вазифаҳои дарпешистода пешниҳод карда шуд.
  • Нишасти матбуотӣ бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ва санитарию гигиенӣ гузаронида шуд.
  • Ба саволу пурсишҳои рӯзноманигорону хабаргузорон, ки ҷанбаҳои гуногуни фаъолияти соҳаи кооператсияи матлуботро дар бар гирифтанд,  ҷавобҳои қаноатмандкунанда дода шуд.