Нишасти матбуотӣ 22.07.2022

0
362

Мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, № АП-1729 дар бинои Иттифоқи Тоҷикматлубот рӯзи 22 июли соли 2022, соати 10:00 нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Оид ба натиҷаи фаъолияти кооператсияи матлубот дар нимсолаи аввали соли 2022 ва вазифаҳои дарпешистода раиси Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот муҳтарам Идиев Ҳ.С. ба диққати ҳозирин ба таври мухтасар ахборот дод.

Дар нишасти матбуотӣ намояндагони воситаҳои ахбори омма аз рӯзномаву маҷаллаҳо, шабакаҳои радио ва телевизионҳои ҷумҳурӣ ва дигар хабаргузориҳо иштирок намуданд. Пеш аз оғози нишасти матбуотӣ ҳозиршудагон бо маълумотнома (пресс-релиз) бо забонҳои давлатӣ ва русӣ таъмин карда шуданд.

Ба саволу пурсишҳои намояндагони воситаҳои ахбори омма, ки фаъолияти бозорҳо, захираи маҳсулоти кишоварзӣ, омодагии анбору сардхонаҳо ба қабули маҳсулот, фаъолияти бозорҳои наздисарҳадӣ, содироти маҳсулот, ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар ҷанбаҳои фаъолияти кооператсияи матлуботро дар бар гирифтанд, ҷавобҳои қаноатбахш дода шуд.

Нишасти матбуотӣ 22.07.2022
Раиси Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот муҳтарам ИДИЕВ Ҳ.С.