НЕКӢ КУНЕД!.. Имрӯз — Рӯзи байналмилалии накӯкорӣ

0
150

НЕКӢ КУНЕД!..   Имрӯз — Рӯзи байналмилалии накӯкорӣ

ДУШАНБЕ, 13.11.2019. /АМИТ «Ховар»/.  Мантиқ ва ҳадафи таъсиси  ҳаракат ва таҷлили Рӯзи байналмилалии накӯкорӣ — ба вуҷуд овардан, ташкил кардани ҷаҳонест, ки мардум андар он дар партави некӯӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ зиндагӣ кунанд. Некӣ кардан чандон душвор нест, аммо подоши некӣ ҳамеша рӯҳафзо ва қаноатбахш аст. Некӣ ҷаҳонро наҷот медиҳад, халқҳоро муттаҳид месозад, дунёро зеботар мегардонад, зеро он дар сиришти инсон, дар табиати ӯ зотан вуҷуд дорад. Некӣ ҳамеша дили боз ва дари боз аст. Яъне ҳамон сиёсатест, ки Пешвои миллати мо Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Тоҷикистон аз оғози расидан ба Истиқлолияти давлатӣ ва барои ноил шудан ба ҳадафҳои волову наҷиб аз он пайгирӣ менамоянд.

Ҳамин оҳанги накӯӣ ва накӯкориро дар суханони раҳнамо ва ҳидояткунандаи Пешвои миллатамон Шоири халқии Тоҷикистон Камол НАСРУЛЛО бо дарки хосаи шоирона дарёфтааст…

НЕКӢ КУНЕД!..   Имрӯз — Рӯзи байналмилалии накӯкорӣ“Некӣ кунед, накӯкор бошед”! Ин хитобаест, ки борҳову борҳо аз забони Пешвои миллатамон дар маърӯзаву суханрониҳояшон шунидаем. Ин хитобаест, ки танҳо аз сиришти нек, дили пок, ниҳоди хайрхоҳонаи як инсони некбин, некандеш ва нексигол метавонад бурун ояд;

Ин хитобаест, ки инсонҳоро ба  зебоии маънавию зоҳирӣ,  меҳрубонию хушсуханӣ даъват менамояд;

Ин шиорест, ки даъват  ба покниҳодию покрӯиву  озодагӣ дорад.

Вақте ки ин хитоба аз забони Сарвари як давлат гуфта мешавад, ин баёни сиёсати неку хайрхоҳонаи як мамлакати хайрхоҳ ва башардӯст аст.

Вақте ки ин хитоба  аз даҳони як сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ садо медиҳад, ин худ даъват ба тинҷию амонӣ, ба суботу оромӣ ва   сулҳу салоҳ дар  саросари  ҷаҳон аст.

Ин хитобаест, ки нури муҷаллое дар худ дорад,  роҳи зиндагиро мунаввар месозад, барои убур аз ҳама мушкилоти зиндагӣ кумак мерасонад. Ва ба ҳамагон талқин менамояд: дар тинҷию амонӣ ва якдигарфаҳмӣ зиндагӣ кунед, аз хусуматҳо раҳо бошед, хайрхоҳи худ ва хайрхоҳи ҳамагон гардед.

Ва ҳамин нури муҷаллост, ки сиёсати дарҳои кушод, сиёсати сулҳхоҳонаву башардӯстонаи Пешвои мо ва миллати моро раҳнамо будааст.

Ҳамин нури муҷаллост, ки аз минбарҳои бузурги олам сиёсати некманишона ва башардӯстонаи Пешвои миллати мо пайваста садо медиҳад ва моро бо ҷомеаи ҷаҳонӣ мепайвандаду  дар ҷодаҳои нек раҳнамоӣ мекунад.

Ҳамин нури муҷаллост, ки иқдомҳои хуҷаста, некбинона ва инсондӯстонаи  Сарвари  давлати Тоҷикистон, ки сарчашмаи асосиашон муҳаббат ба инсонҳост,  дар арсаи  ҷаҳонӣ пазируфта мешаванд ва саҳми боризи худро дар ҳалли масъалаҳои тақдирсози сайёра мегузоранд!

Хушбахтона, ҳамин муҳаббат ба инсон, муҳаббат ба башар, муҳаббат ба табиат ва зебоиҳо, муҳаббат ба гузаштаву оянда, муҳаббат ба одобу фарҳанги баланд, муҳаббат ба ҳунару истеъдоду офаридгорӣ аз оғози рӯзҳои Истиқлолият ба шарофати шахсияти Пешвои миллат раҳнамои сиёсати некманишонаи давлатдории тоҷикон гардидаву халқи моро дар ҳамин рӯҳия парвариш ва раҳнамоӣ намудааст.

Ҳамин муҳаббат буд, ки Тоҷикистон дар  ин замони мураккаби ҷаҳонишавӣ ҳам аз ҷиҳати маънавӣ ва ҳам аз ҷиҳати зоҳирӣ симои миллӣ гирифт, пироҳани нозанини беамсоли миллӣ ба бар кард!

Ва аз ҳама нишотбахш ин падида аст, ки ҳамин эҳсоси “дӯст доштан” дар муқаддастарин муҳаббат- муҳаббат ба Ватан ва ватандорӣ муҷалло гардид.

Ман аминам, халқе, ки бо парчами “ Пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек!”  болои сар  сӯи фарди хеш равон аст, хушбахт ва фардояш дурахшон хоҳад буд. Зеро  некию накӯкорӣ ҳамеша хайру баракат ва файзу нишот бо худ мебарад! Зеро, тавре устоди зиндаёд Лоиқ Шералӣ фармудаанд:

Дунёи савдо бигзарад,

Андуҳи дилҳо бигзарад,

Ҳам навбати мо бигзарад,

Аммо ба зери осмон

Ҳамчун замини бекарон

Некӣ бимонад ҷовидон…

Миллати мо тӯли тамоми таърихи ҳастии худ раҳнаварди ҷодаҳои некиву накӯкорӣ будааст. Ва имрӯз ҳам аз ин ҷодаҳо қавитару боварноктар қадам мезанад! Аз ин рӯ суханони Пешвои миллатамонро раҳнамои худ мекунем:

Ба якдигар накӣ кунед, дар зиндагӣ накӯкор бошед!

Камол НАСРУЛЛО,
Шоири халқии Тоҷикистон,
ходими адабии АМИТ «Ховар»

 

Источник: khovar.tj