Наврӯз ҷашни озодагиву зебоист

0
852
Наврӯз ҷашни озодагиву зебоист

“Дар ин айём мардуми мо ба тозаву озода намудани хонаву кошонаи худ машғул шуда, гулгашту хиёбон ва боғу майдонҳоро ободу хуррам мегардонанд, либоси нав ба бар менамоянд ва ҳамдигарро бо дилу нияти нек ва орзуи зиндагии осудаву хайру баракати хонадон бо фарорасии соли нав, омадани баҳор ва оғози мавсими киштукор табрик менамоянд”.   

Эмомалӣ Раҳмон

Оре, ҳақ ба ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки суннатҳои аҷдодии наврӯзии мардуми куҳанбунёди моро ёдрас намуда, аз шукуҳи тоза гирифтани онҳо дар замони соҳибистиқлолии кишвар пайваста таъкид менамоянд. 

Ҳамасола ба шарофати соҳибистиқлоливу ваҳдати саросарии мулку диёр Наврӯзи оламафрӯз дар саросари мамлакатамон ботантана, хотирмон ва бо шукуҳу шаҳомати хоса истиқбол гирифта мешавад. 

Матлуботчиёни кишвар низ ҳамасола ба ин муносибат ҳамаҷониба тайёрӣ дида, дар баробари бунёдкориҳо бо ташкили ярмаркаву густурдани дастурхони наврӯзӣ дар шаҳру ноҳияҳо ва хизматрасонии хуб ба сокинони кишвар зебу фари Наврӯзро шукуҳи тоза мебахшанд. 

Бахшида ба панҷумин солгарди ҷаҳонишавии Наврӯзи оламафрӯз, ки ба соли ҷашнии 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ омадааст, дар пойтахт ва дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар чорабиниҳои наврӯзӣ доир гардиданд. 

Намоиши молу маҳсулот ва дигар дастоварду анъанаҳои миллие, ки матлуботчиён таҳти роҳбарии Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот, бо дастуру супоришҳои раиси Раёсат муҳтарам Идиев Ҳусайн Сафаралиевич дар рӯзҳои ҷашни фараҳфизои Наврӯз ба сокинону меҳмонони кишвар дар манотиқи гуногун пешкаш намуданд, нишонае аз файзу баракати зиндагӣ бо шукргузорӣ аз ваҳдату субот дар саросари ин сарзамини биҳиштосои аҷдодии мост.

Тантанаҳои наврӯзӣ имсол бо ҳамоиши аҳли адаб – шоирону нависандагони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз дар пойтахти кишварамон – шаҳри Душанбе ба таърихи 20-уми марти соли 2016 оғоз гардид. Меҳмонону сокинони пойтахтро истиқболи самимонаи матлуботчиён бо муҳайё сохтани таомҳои милливу гуногуни наврӯзӣ, намоиши молу маҳсулот, меваҷоту дигар неъматҳои табиии Тоҷикистони биҳиштосо, хонҳои наврӯзии “Ҳафтсин”-у “Ҳафтшин”-и манотиқи гуногуни кишвар аз Хатлону Зарафшону Бадахшон ба ваҷд овард.