Насим Олимзода: «Тоҷикистон хостори ҳарчи зудтар аз байн бурдани сирояти коронавирус дар Чин мебошад»

0
174

Насим Олимзода: «Тоҷикистон хостори ҳарчи зудтар аз байн бурдани сирояти коронавирус дар Чин мебошад»

ДУШАНБЕ, 15.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. 14 феврал бо мақсади   боз ҳам мустаҳкам намудани ҳамкорӣ оид ба  мубориза бар зидди сирояти коронавирус Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода бо  Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Лю Бин мулоқот намуд.

Дар мулоқот Насим Олимзода  зикр кард, ки «Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун  кишвари дӯсту бародар  хостори ҳарчи зудтар аз байн бурдани сирояти коронавирус дар мамлакати Чин мебошад. Итминони комил дорем, ки дар наздиктарин фурсат Ҷумҳурии Мардумии Чин барои аз байн бурдани  сирояти  коронавирус муваффақ хоҳад шуд».

Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо барои боз ҳам густариш додани ҳамкорӣ  дар самти мубориза бар зидди сирояти коронавирус изҳори омодагӣ намуданд.

 

Источник: khovar.tj