Насим Олимзода бо сафирон ва намояндагони созмону ташкилотҳои байналмилалӣ масъалаи коронавирусро баррасӣ намуд

0
59

Насим Олимзода бо сафирон ва намояндагони созмону ташкилотҳои байналмилалӣ масъалаи коронавирусро баррасӣ намуд

ДУШАНБЕ, 05.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. 4 март дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода бо сафирон ва намояндагони сафоратҳои кишварҳои хориҷӣ, созмону ташкилотҳои байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Қирғизистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Украина, Россия, Беларус,  Туркманистон, Франсия, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Германия, Арабистони Саудӣ, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҳиндустон, Япония, Покистон, Қатар, Туркия, Британияи Кабир, Амрико, Корея, Иттиҳоди Аврупо, OБCE, СММ, Фонди Оғохон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд. Дар ин бора аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Насим Олимзода иброз намуд, ки масъалаи пешгирии сирояти коронавирус зери назорати бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Номбурда, аз ҷумла  иброз намуд, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамарӯза оид ба вазъи сирояти коронавирус дар тамоми ҷаҳон  аз Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ маълумот ба даст меоварад.

Иттилоъ дода шуд, ки то ба имрӯз 1500 нафар шаҳрвандоне, ки аз Ҷумҳурии Мардумии Чин, Кореяи Ҷанубӣ, Италия, Афғонистон ва Эрон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардидаанд, ба карантин фаро гирифта шуданд. То 4 март танҳо 320 нафар дар ҳолати карантинӣ қарор дошта, боқимонда ба хонаҳояшон рухсат дода шудаанд.

Дар идомаи вохӯрӣ намояндагони сафоратхонаҳо вобаста ба вазъи шаҳрвандони кишварҳои хеш, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба карантин фаро гирифта шудаанд, пурсон шуданд.

Вобаста ба масъалаи мазкур иттилоъ дода шуд, ки дар беморхонаҳои сироятии мамлакат барои он нафароне, ки ба карантин фаро гирифта мешаванд, тамоми шароит ва имконоти мусоид фароҳам оварда шудааст.

Ҳоло дар ҷумҳурӣ танҳо шаҳрвандоне, ки аз 5 кишвар — Ҷумҳурии Мардумии Чин, Кореяи Ҷанубӣ, Италия, Афғонистон ва Эрон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мегарданд, ба карантин фаро гирифта хоҳанд шуд.

Айни замон молу маҳсулот  ба Тоҷикистон аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ворид шуда, қабл аз воридшавӣ ба хоки Тоҷикистон нақлиёт дезинфксия карда мешаванд.

Ҳамзамон зикр гардид, ки бо мақсади пешгирии сирояти коронавирус дар сатҳи Ҳукумат, дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои марбутаи мамлакат  ситоди корӣ таъсис дода шудаанд.

Дар идомаи вохӯрӣ сафирон ва намояндагони сафоратҳои кишварҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба саволҳои хеш аз ҷониби роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон посух гирифтанд.

Источник: khovar.tj