Нашри намоҳанги нави Муродовҳо ба таронаи “Мусофир”: устоди санъат бо имиҷи нав

0
128

Нашри намоҳанги нави Муродовҳо ба таронаи "Мусофир": устоди санъат бо имиҷи нав

Ҷӯрабек Муродов, ҳунарманди номӣ намоҳанг ва таронаи тозаашро, ки бо Ҷонибек Муродов сароидаанд, ба муҳоҷирон бахшидааст

ДУШАНБЕ, 10 май – Sputnik. Ҷонибек ва Ҷӯрабек Муродовҳо, ҳунармандони номӣ намоҳанг ва таронаи тозаэҷоди навбатиашонро ба муҳоҷирон бахшидаанд.

Намоҳанг ва таронаи тозаи “Мусофир” ду рӯз пеш дар канали JM Company мунташир шуда, то имрӯз аз он бештар аз 100 ҳазор нафар боздид кардаанд. 

Матни тарона ба шоир Озарахш ва оҳанг бошад ба Даврони Раҳматзод тааллуқ дорад.

Худи устоди ҳунар Ҷӯрабек Муродов қаблан дар пайи нашри садоии суруди наваш, дар наворе ба муҳоҷирон паём ирсол карда, гуфта буд, ки худро ғариб ҳис накунанд ва заҳматашон рӯзе роҳат мешавад.

“Барои ҳамаи шумо ҳамватанон, ки дар мусофират ҳастед, ният кардем, ки суруде эҷод кунем. Худро дар куҷое набошед, мусофир ҳис накунед. Заҳмат кашида истодаед ва Худо хоҳад, заҳмататон роҳат мешавад”, – мегӯяд дар навор устоди ҳунар.

Муродов қайд кардааст, ки кӯмаки мусофирон ба Тоҷикистон зиёд аст.

Зери тарона беш аз 7 ҳазор нафар лайк гузоштаанд.

Ҷӯрабек Муродов, ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ имсол 77-сола шуд.

Источник: sputnik-tj.com