Намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон ҳамкории густурда ва босамари мамолики минтақаро баррасӣ намуданд

0
120

Намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон ҳамкории густурда ва босамари мамолики минтақаро баррасӣ намуданд

ДУШАНБЕ, 12.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. 11 июн Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода дар вохӯрии муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон, ки бо ташаббуси Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ (UNRCCA) дар шакли видео-конфронс ташкил гардид, иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар ин мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба ҳамкории густурда ва босамари кишварҳои минтақа, аз ҷумла дар доираи  UNRCCA, инчунин самтҳои мубрам ва авлавиятноки талошҳои муштарак, ки барои таҳкими амният ва рушди устувори Осиёи Марказӣ равона шудаанд, табодули назар намуданд.

Дар навбати худ Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода  дар ростои паҳншавии бемории ҳамагири COVID-19 ба ширкаткунандагон оид ба тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти мушаххас ироа карда, бо дарназардошти паёмадҳои бемории мазкур ба ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии давлатҳо ҳамаи ҷонибҳоро ба таҳкими ҳамкориҳо дар ҳама самтҳо даъват намуд.

Акс аз ВКХ ҶТ

Источник: khovar.tj