Нахустнамоиши «Хостгорӣ» дар Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ доир гардид

0
105

Нахустнамоиши  «Хостгорӣ» дар Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ доир гардид

ДУШАНБЕ, 25.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ нахустнамоиши «Хостгорӣ» аз рӯи асари Антон Павлович Чехов дар тарҷуми Лола Ҳоҷибоева манзури тамошобинон гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» аз ҷараёни намоиш гузориш медиҳад, он дар таҳияи коргардон ва Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Давлат Убайдуллоев ба саҳна гузошта шуд.

Муҳтавои асосии намоиш аз истифодаи босамари  вақт дар зиндагии  инсонҳо иборат мебошад.

Тавре дар суҳбат бо мо тарҷумони ин намоиш Лола Ҳоҷибоева иброз намуд, ҳадаф аз пешниҳод он буд, ки инсонҳо барои расидан ба ҳадафҳои хеш  аз суханҳои беҳуда дурӣ ҷӯянд. Онҳо  барои расидан ба ҳадафи ниҳоии худ талош варзанд, зеро вақт қимат аст.

Ёвари коргардон Боймурод Ҳаитов дар суҳбат бо мо иброз дошт, ки «ин намоиш мондагор аст. Боварӣ дорам, ки ҳар тамошобине, ки ин спектаклро тамошо мекунад, ба қадри вақт ва истифодаи он дар зиндагӣ мерасад».

Намоиш хеле оммафаҳм ва равон омода шуда,  аз ҷониби тамошобин гарм истиқбол гардид.

Нақшҳои асосиро ҳунармандони маъруф Маҳмадӣ Мирзоев, Салоҳиддин Шукурзода, Шамсия Асанова, Марҷона Наврузмамадова ва дигарон иҷро намудаанд.

Ёдовар мешавем, км намоиш 27 феврал, соати 14:00, такроран ба саҳна гузошта мешавад.

Мавриди зикр аст, ки Театри давлатии академии драмавии ба номи А.Лоҳутӣ яке аз аввалин театрҳои касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ҳунармандони театри мазкур кӯшиш мекунанд, ки бо саҳнаҳои ҷолиби диққат ва инъикоскунандаи  рӯзгори мардум аҳли ҷомеаро ба ин макони фарҳангӣ  боз ҳам бештар ҷалб намоянд.

Источник: khovar.tj