Нахустин Кинофестивали байналмилалии «Душанбе» баргузор мешавад

0
46

Нахустин  Кинофестивали байналмилалии «Душанбе»  баргузор мешавад

ДУШАНБЕ, 28.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Аз 14 то 18 апрел дар  пойтахт якумин Кинофестивали  байналмилалии «Душанбе»  баргузор мешавад. Баргузоркунандагони кинофестивали  мазкур  Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе мебошанд. Мувофиқи талаботи Кинофестивал дар он филмҳо аз дигар давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай, ИДМ ва бародаршаҳрҳои Душанбе иштирок карда метавонанд. Дар ин бора аз Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Тибқи иттилои манбаъ, барномаи кинофестивал аз озмуни байналмилалӣ ва озмуни миллии филмҳои тоҷикӣ, саросарнамои (панорамаи) филмҳои ғайриозмунӣ иборат мебошад.

Барои иштирок дар Кинофестивали байналмилалии «Душанбе», ки бори аввал баргузор мешавад, аз давлатҳои Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Россия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Муғулистон, Афғонистон, Ҳиндустон, Покистон, Шри-Ланка, Бангладеш, Беларус, Украина, Германия, ИМА, Арманистон, Туркия ва Гурҷистон 85 дархост пешниҳод шудааст.

Ҳайати Кинофестивали «Душанбе» қабули филмҳоро аз миёни 85 дархост аввали моҳи март тариқи расонаҳо эълон хоҳад кард.

Источник: khovar.tj