«НАБАРЕД, НАБИЁРЕД!». Кумитаи рушди сайёҳӣ ба ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон чунин тавсия додааст

0
96

«НАБАРЕД, НАБИЁРЕД!». Кумитаи рушди сайёҳӣ ба ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон чунин тавсия  додааст

ДУШАНБЕ, 03.03.2020/АМИТ «Ховар»/. Аз ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон зимни номае хоста шудааст, ки барои ҷилавгирӣ аз «вируси тоҷдор» ё «коронавирус» аз ташкили саёҳати шаҳрвандони дохилию хориҷӣ худдорӣ кунанд. Ин вирус то 1 март ба 58 кишвари ҷаҳон сар халондааст, навиштааст имруз Sputnik.

Тавре Sputnik бо истинод  ба ин нома навиштааст,  Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ширкатҳои сайёҳӣ хоҳиш кардааст, ки  муваққатан аз ташкили саёҳати шаҳрвандони дохилию хориҷӣ  худдорӣ кунанд.

Далели ин тасмим дар нома шуюъ ё сар задани «вируси тоҷдор» ё «коронавирус» дар як қатор кишварҳои ҷаҳон гуфта мешавад ва Кумита ҳам ин тасмимро дар такя ба маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  гирифтааст.

Ширин Амонзода, раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шарҳи ин нома ба Sputnik Тоҷикистон гуфтааст, ин тасмим дар машвара бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ва барои ҳифзи ҷону амнияти сайёҳони ҳам хориҷӣ ва ҳам дохилӣ гирифта шудааст.

«Аммо ин як тасмими муваққатист ва мо ҳам ба ширкатҳо тавсия додаем, ки то муътадил гардидани вазъият аз ташкили саёҳати ҳам шаҳрвандони дохилӣ ба хориҷ аз Тоҷикистон ва ҳам шаҳрвандони кишварҳои дигар аз хориҷ ба Тоҷикистон муваққатан худдорӣ кунанд. Ин тадобир ба хотири эмин нигаҳ доштани шаҳрвандони кишвар аз ин маризии сироятист, ки рӯз ба рӯз дар кишварҳои ҷаҳон доман паҳн мекунад», — гуфтааст Ширин Амонзода.

Тибқи иттилои Кумитаи рушди сайёҳӣ, ҳоло дар Тоҷикистон 202 ширкати сайёҳӣ фаъолият мекунанд. Қаблан Агентии  авиатсияи граждании  Тоҷикистон хабар дода буд, ки аз ширкатҳои ҳавонавардӣ хостааст, барои шаҳрвандони 35 кишвари ҷаҳон аз фурӯхтани чиптаҳои ҳавопаймоӣ худдорӣ кунанд, менависад дар идома Sputnik.

Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, то 1 марти соли равон дар сатҳи ҷаҳон 88 ҳазору 948 (1804 мавриди ҷадид) нафар  ба «вируси тоҷдор» гирифтор шудаанд.   Шумораи гирифторон дар  Чин  ба 80 ҳазору 174 (206 мавриди ҷадид) расида, теъдоди фавтидагон ба 2915 нафар (42 мавриди ҷадид) расидааст. Аммо, бино ба ин манбаъ, густариши ин маризӣ дар хориҷ аз Чин афзуда, фақат тайи 24 соати рӯзи 1 март ҷуғрофиёи он ба шаш кишвар — Арманистон, Чехия, Ҷумҳурии Доминикан, Луксембург, Исландия ва Индонезия (рӯзи 29 феврал панҷ кишвар – Озарбойҷон, Эквадор, Ирландия, Монако ва Қатар) густариш ёфта, теъдоди кишварҳои гирифтор ба 64 афзудааст.

Ҳамин тавр, дар ин кишварҳо 8774 маврид (1598 мавриди ҷадид) таъйид шуда, фавти одамон ба 128 нафар (24 мавриди ҷадид) расидааст.

Источник: khovar.tj