Нақши ҷавонон дар тарғиби ғоя ва арзишҳои миллӣ назаррас мебошад

0
165

Нақши ҷавонон дар тарғиби ғоя ва арзишҳои миллӣ назаррас мебошад

ДУШАНБЕ, 05.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар Донишгоҳи давлатии Данғара таҳти унвони «Нақши ҷавонон дар тарғиби ғоя ва арзишҳои миллӣ» суҳбати «мизи мудаввар»-и ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.

Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҳамоиши мазкур олимон ва муҳаққиқони ҷавони мамлакат, коршиносон ва ҷавонони фаъол иштирок ва суханронӣ намуданд.

Нахуст, ректори Донишгоҳи давлатии Данғара Нуралӣ Шоҳиён меҳмононро ба ноҳияи Данғара хушомадед гуфта, ба кори ҳамоиш мувафаққият таманно намуд.

Сипас, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилноза Аҳмадзода нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҳаёти ҷавонон назаррас арзёбӣ намуд. Номбурда аз ҷумла зикр намуд, ки «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳнамоиҳои Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраҳои душвори таърихии миллати тоҷик таҳия шуда, он арзишҳои муҳими ҷомеа ва инсониро дар бар мегирад. Конститутсия — шиносномаи аслии миллати тоҷик буда, дар он  давлатдории халқи тоҷикон дарҷ гардидааст».

Зикр гардид, ки дар партави сиёсати оқилонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раванди инкишофи ҷаҳонбинии солими афроди миллат ва ҳидоят намудани ҷавонон ба худшиносиву худогоҳӣ бо вусъати тоза ба роҳ монда шудааст.  Дар  ин росто ба масъалаи баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ ва иттилоотии ҷавонон чун яке аз самтҳои рушди давлатдории миллӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.

Дар кори ҳамоиш  иштирокдорон вобаста ба масъалаҳои «Нақши Конститутсия дар ҳаёти ҷавонон», «Худшиносии миллӣ- омили инкишофи ҳисси ватандӯстии ҷавонон», «Тарғиб ва гиромидошти арзишҳои миллӣ — рисолати мо ҷавонон», «Ифтихори ватандорӣ дар «Шоҳнома» — и Абулқосим Фирдавсӣ» ва «Ҷавонон ва ҳифзи арзишҳои миллӣ»  маърӯза намуда, ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон, тарғиби арзишҳои миллӣ ва ғояҳои ватандӯстона таклифу пешниҳодҳо намуданд.

Нимаи дуюми рӯз  Шӯрои олимони ҷавони Тоҷикистон дар назар дошта шудааст.

Источник: khovar.tj