Муваққатӣ, на карантин! Мактабҳои Душанбе таътил шуданд

0
150

Муваққатӣ, на карантин! Мактабҳои Душанбе таътил шуданд

Шурӯъ аз 27 то 10 майи соли равон муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе ба таътил мераванд. Ин тасмим дар мувофиқа бо раиси шаҳр – Рустами Эмомалӣ ва дигар мақомот гирифта шуд

 ДУШАНБЕ, 24 апрел – Sputnik. Асомиддин Бобозода, сардори Раёсати муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе гуфт, ки ин як таътили муваққатӣ аст, на карантин, зеро дар Тоҷикистон расман вуҷуди “вируси корона” сабт нашудааст:

“Тасмими мо фақат мактабу боғчаҳо ва дигар муассисаҳои шаҳри Душанбе – пойтахти Тоҷикистонро дарбар мегирад. Ин давраи таътилро мо барои гузаронидани корҳои профилактикӣ ва пурра зиддиуфунӣ ё дезинфексия кардани муассисаҳои таълимӣ истифода хоҳем кард”, – гуфт Асомиддин Бобозода.

Тафсилоти бештар нашр мешавад

Источник: sputnik-tj.com