Мутахассисони шаҳри Қазон донишҷӯёни Тоҷикистонро бо технологияи муосири журналистикаи телевизионӣ шинос менамоянд

0
175

Мутахассисони шаҳри Қазон донишҷӯёни Тоҷикистонро бо технологияи  муосири журналистикаи    телевизионӣ   шинос  менамоянд

ДУШАНБЕ, 11.11.2019  АМИТ /«Ховар»/. Кормандони ботаҷрибаи шабакаҳои телевизионии Тотористон,  устодони донишгоҳҳои федералии  Қазон  меҳмони ҷумҳурии Тоҷикистонанд.  Ҳадафи ташриф барпо намудани семинари махсус  оид ба журналистикаи телевизион   барои рӯзноманигорони оянда аст. Семинар  аз 12 то 14 ноябр дар Душанбе  идома меёбад.  Дар ин бора аз Институти тадқиқотии Осиёи Марказӣ иттилоъ доданд.    

Дар байни мавзӯъҳои баррасишаванда дар чорчӯбаи семинари «Журналистикаи телевизион дар фазои муосири ВАО-и Авруосиё: усулҳо ва технологияҳо» жанрҳо ва шаклҳои журналистикаи телевизион, навъҳои гузоришҳои хабарӣ,  кор бо  манбаъхо  ва воситаҳои ахбори иҷтимоӣ, принсипҳои ташаккули матни хабарӣ, сохтори сужа, принсипҳои ахлоқӣ дар журналистика ва  боз масъалаҳои дигари муҳим  қарор доранд.

Асосҳои назариявӣ,  ки барои омӯзиш пешниҳод шудаанд, мустақиман ҳангоми таҳлил бо вазифаҳои амалӣ  тақвият  меёбанд.  Ин  ҳама ба он хотир  аст, ки омӯзиши мавод ҳаддалимкон самаранок бошад.  Ғайр аз ин, иштирокчиёнро дар анҷом семинари мукаммал оид ба гузаронидани  стендапҳои инфиродӣ бо назардошти маводи омӯхташуда дар пеш аст.

Ба сифати роҳбарони семинар директори Мактаби олии журналистика ва иртиботи ВАО-и Донишгоҳи федералии Қазон (ДФҚ) Леонид Толчинский, ровии шабакаи «Эфир»,  роҳбари   Озмоишгоҳи омӯзишӣ ва амалӣ  дар UNIVER TV,  Институти илмҳои иҷтимоӣ, фалсафӣ ва коммуникатсияи оммаи ДФҚ Лайсан Абдуллина,  ҳамчунин  устоди калон,    сармуҳандиси Маркази ВАО-и шабакаи телевизионии донишҷӯии UNIVERSMOTRI Алмаз Хазиев баромад  хоҳанд кард.

Семинари мазкур аз ҷониби Институти таҳқиқотии  Осиёи Марказии  ANO  ва шарики ғайритиҷоратии  Маркази иттилоотию таҳлилии «Минтақаи Авруосиё -Поволжйе» баргузор  мешавад.

Источник: khovar.tj