Мусобиқа барои дарёфти «Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ» ҷараён дорад

0
162

Мусобиқа барои дарёфти «Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ» ҷараён дорад

ДУШАНБЕ, 18.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе  миёни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ ва муассисаву идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва барои дарёфти «Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ» таҳти шиори «Ободии Ватан – мароми мо» мусобиқаи кушоди варзишӣ аз намуди футболи хурд, гӯштини самбо, шиноварӣ, шашка ва шоҳмот ҷараён дорад.

Дар маросими ифтитоҳи он дар Маҷмааи варзишии Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ мусобиқаи гӯштини  самбо баргузор гардид, ки дар он 16 даста, 130 варзишгар, 12 довар ва мухлисон иштирок намуданд.

Дар натиҷа дар ҳисоби даставӣ ҷои аввалро дастаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷои дуюмро Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ба номи С. Раҳимов ва ҷои сеюмро дастаи ММООТ «Манеж» соҳиб гардиданд.

Ба ғолибон аз ҷониби аъзои тадорукоти Шӯрои ҷамъиятии «Динамо» медал, сипоснома, диплом ва туҳфаҳо тақдим карда шуданд.

Ёдовар мешавем, ки мусобиқаи мазкур то 5 март дар толору ҳавзи варзишии ШҶ «Динамо» ва РБДА ВКД ҶТ гузаронида мешавад.

Источник: khovar.tj