Муштзанҳои тоҷик аз Қазоқистон ду медали тилло оварданд

0
126

Муштзанҳои тоҷик аз Қазоқистон ду медали тилло оварданд

Аъзои дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба бокс Мирзомуҳаммад Бахтиёр ва Шаббос Негматуллоев дар мусобиқаи байналмилалӣ ба хотираи мураббии хизматнишондодаи Қазоқистон Галим Жарилганов ду медали тилло ба даст оварданд

ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Мусобиқа 17-21 декабр дар шаҳри Қарағандаи Қазоқистон бо иштироки варзишгарони Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Россия, Муғулистон, Чин, Финландия, Узбакистон аз рӯи 13 вазни олимпӣ (8 вазн миёни мардон, 5 вазн миёни бонувон) сурат гирифт.
Бахтиёри Мирзомуҳаммад дар вазни 75кг бар варзишгарони Қазоқистон (Бекболат Абдукарим, Ерсултан Советов), Руссия (Артур Захаренко) ғалаба карда, ба финал роҳ ёфт. Дар қувваозмоии ниҳоӣ бар намояндаи дигари кишвари мизбон Беринбай Нуримбетов пирӯз гардида, ҷои аввалро ишғол кард.

Шаббос Негматуллоев дар вазни 81кг сазовори медали тилло шуд. Ӯ то ба зинаи ифтихорӣ баромадан бар Баҳром Фозилов (Узбакистон), Денислом Абдешов, Жанилбек Картбоев ва Эркебулан Акимбай (ҳар се аз Қазоқистон) ғалаба кард.

Ду варзишгари дигари мо Шуҳрат Сабзаалиев ва Дилшод Оқилов (52кг) дар даври аввал аз ҳарифонашон мағлуб гардиданд.

Источник: sputnik-tj.com