МУРОҶИАТИ ВКХ ТОҶИКИСТОН БА ШАҲРВАНДОН: дар робита ба паҳншавии коронавируси COVID-2019 аз сафар ба Корея, Эрон, Италия, Афғонистон ва Чин дар ҳоли ҳозир худдорӣ намоед

0
112

МУРОҶИАТИ ВКХ ТОҶИКИСТОН БА ШАҲРВАНДОН: дар робита ба паҳншавии коронавируси COVID-2019 аз сафар ба Корея, Эрон, Италия, Афғонистон ва Чин дар ҳоли ҳозир худдорӣ намоед

ДУШАНБЕ, 05.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо дарназардошти хуруҷи коронавируси COVID-19 дар Ҷумҳурии Корея, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Италия ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, инчунин ҳолати эпидемиологӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони кишвар тавсия медиҳад, ки аз сафар ба кишварҳои мазкур дар ҳоли ҳозир худдорӣ намоянд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

«Ҳамчунин дар ҳолати сафар ба кишварҳое, ки дар он ҷо ҳодисаҳои мубтало шудан ба коронавирус мавҷуд аст, бояд вазъи мазкур ба назар гирифта шуда, талаботи беҳдоштӣ ва тавсияҳои ниҳодҳои марбута риоя гарданд ва аз ҳузур дар ҷойҳои ҷамъиятии серодам парҳез шавад»,- тавсия медиҳад Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ёдовар мешавем, ки ҳамватанони дар хориҷи кишвар қарордошта метавонанд дар ҳолати зарурат ба намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулӣ муроҷиат кунанд. Маълумот дар бораи намояндагиҳои мо дар хориҷаро аз пайванди зерин метавон дарёфт кард.

Намояндагиҳои дипломатӣ дар хориҷа ҳолати хуруҷи вируси мазкурро пайваста пайгирӣ намуда, кӯмаки заруриро ба шаҳрвандон мерасонанд.

Ҳамзамон бояд дар назар дошт, ки дар асоси талаботи беҳдоштию эпидемиологӣ шаҳрвандони Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ дар сурати аз Ҷумҳурии Корея, Эрон, Италия, Афғонистон ва Чин ба Тоҷикистон ворид шудан, ба мақсади пешгирии интишори коронавирус дар хоки кишвар ба муддати 14 рӯз ба карантин фаро гирифта мешаванд.

Источник: khovar.tj