Муроҷиати Ситоди ҷумҳуриявӣ ба мардум: ниқоб пӯшед ва фосилаи иҷтимоиро риоя кунед

0
75

Муроҷиати Ситоди ҷумҳуриявӣ ба мардум: ниқоб пӯшед ва фосилаи иҷтимоиро риоя кунед

Ситоди ҷумҳуриявӣ оиди пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус аз бурузи мавҷи дуюми ин беморӣ дар аксар кишварҳо ҳушдор дода, тоҷикистониёнро ба риояи қоидаҳои гигиенӣ ва пӯшидани ниқобу риояи фосилаи иҷтимоӣ даъват намудааст

ДУШАНБЕ, 4  июн — Sputnik. Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ  ва  пешгирӣ  аз паҳншавии  сирояти коронавируси COVID-19 ба  аҳолии  кишвар расман муроҷиат намудаст.

Ба маълумоти ситоди мазкур, аксар кишварҳои ҷаҳон бинобар риоя накардани қоидаҳои гигиенӣ ва тадобирҳои пешгирикунанда,  ба мавҷи дуюми бурузи маризии сироятии коронавирус рӯбарӯ шуданд. 

Бо назардошти ин, Ситоди ҷумҳуриявӣ аз тамоми шаҳрвандони мамлакат даъват ба амал овардаст, ки қоидаҳои гигиенаи шахсию ҷаъмиятиро ба таври ҳатмӣ риоя намуда, бе ниқобҳои муҳофизатӣ аз хона набароянд, дар нақлиёт ва дигар  ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳатмӣ  аз ниқобҳои муҳофизатии тиббӣ истифода намуда, ба таври қатъӣ   фосилаи  байни  ҳамдигарро ба андозаи аз якуним то ду метр нигоҳ доранд.

Гузашта аз ин, аз  тамоми  сокинони  мамлакат, ки аз минтақаҳо ва  шаҳру  ноҳияҳои дигари ҷумҳурӣ ба шаҳри Душанбе меоянд даъват ба амал меорад, ки  бе зарурат ба пойтахти мамлакат сафар накунанд  ва дар акси ҳол аз ниқобҳои муҳофизатии тиббӣ ҳатмӣ истифода намуда, қоидаҳои  гигиенаи  шахсию  ҷаъмиятӣ  ва  қоидаҳои фосилаи иҷтимоиро  қатъиян  риоя  намоянд.

Ҳамчунин Ситоди ҷумҳуриявӣ аз тамоми тоҷикистониён дархост намудааст, ки аз гузаронидани ҳамагуна чорабиниҳо, ҷашну маросим ва маъракаҳои хурсандиву азодорӣ то ба эътидол омадани вазъияти эпидемиявӣ худдорӣ намоянд.

Ситод ҳушдор медиҳад, ки дар сурати иҷро нагардидани талабот ва қоидаҳои пешгирӣ аз паҳншавии сирояти коронавирус нисбате  нафароне,  ки  ин  қоидаву  тартиботро иҷро намекунанд, чораҳои қонунӣ андешида мешавад.

Источник: sputnik-tj.com