Муроҷиати “чанд сокини Рӯшон” ба Кабирӣ: мардуми ноҳия чӣ кор карданашонро медонанд

0
76

Муроҷиати "чанд сокини Рӯшон" ба Кабирӣ: мардуми ноҳия чӣ кор карданашонро медонанд

Дар мактуби саркушодае, ки дар муроҷиат ба роҳбари ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи Наҳзати ислом навишта шудааст, гуфта мешавад, “сокинони Рӯшон даст ба қонуншиканӣ нахоҳанд зад ва гӯш ба хоинони миллат нахоҳанд дод”

ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Дафтари матбуоти раиси Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон маводеро бо ном “Муроҷиатномаи сокинони ноҳияи Рӯшон ба хоини миллат, ҷинояткор Муҳиддин Кабирӣ” .

Дар чанд акси гузоштаи дафтари матбуот, имзои чанд нафар, ки муаллифони номаи саркушода муаррифӣ мешаванд, гузошта шудааст.

Муаллифон ба Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯи Наҳзати ислом муроҷиат намуда, гуфтаанд, ки дар паҳлӯи Ҳукумат ҳастанд ва қонунро риоя мекунанду ба дасисаҳо аз хориҷ дода намешаванд.

Дар ҳамин мавод, ишора меравад, ки Кабирӣ чанде пеш дар як навор гуфтааст, ки “миллат бояд дар паҳлӯи мардуми Рӯшон бошад”.

Муаллифон ин гуфтаҳои ӯро дасисаандозиву кӯшиши раиси мухолифин дар истифодаи сокинон дар “ҷиноятҳои тарҳрезишудаи Кабирӣ” хондаанд.

Дар муроҷиатнома гуфта мешавад, ки “Тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ ободонию ободкорӣ дар ноҳияи мо ва умуман дар Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон ба таври назаррас ба роҳ монда шуда, дар ноҳия тамоми шароитҳо барои зисти аҳолӣ маҳайё карда шудааст”.

Дар мавод, дар ишора ба гирдиҳамоии чанде пеш қайд мешавад, ки “ду ҷинояткоре, ки кирдорҳои онҳо боиси нигаронии аҳли ҷомеаи Рушон гаштааст”, мавриди таърифу тавсифи мухолифин гаштаанд.

“Дар ноҳияи Рушон қонуну қоида пойдор буда, Мақомотҳои қудрати вазифаҳои худашонро иҷро мекунанд. Мардуми Рӯшон бошад чӣ кор карданашонро медонанд”, – афзудаанд сокинон.

 

Источник: sputnik-tj.com