Муовини Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо ҳайати нозирони СҲШ мулоқот кард

0
115

Муовини Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо ҳайати нозирони СҲШ мулоқот кард

ДУШАНБЕ, 28.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. 27 феврал муовини Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Зоҳир Саидзода ҳайати нозирони байналмилалии Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) таҳти роҳбарии муовини Дабири кулл Нурлан Аккошкаровро, ки бо мақсади анҷом додани мониторинг ва мушоҳидаи раванди интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷумҳурӣ  омадааст, ба ҳузур пазируфт.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар вохӯрӣ Зоҳир Саидзода омодагии вазоратро барои фароҳам овардани шароити мусоид бобати фаъолияти нозирони байналмилалӣ таъкид кард.

Дар мулоқот ҷонибҳо оид ба ҳолат ва дурнамои рушди ҳамкорӣ дар доираи СҲШ мубодилаи афкор намуданд.

АКС аз ВКХ ҶТ

Источник: khovar.tj