Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар Панҷакент бо ҷараёни корҳои омодагӣ ба 5500-солагии Саразми бостонӣ шинос гардид

0
181

Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар Панҷакент бо ҷараёни  корҳои омодагӣ ба 5500-солагии Саразми бостонӣ шинос гардид

ДУШАНБЕ, 29.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Исматуллозода зимни сафари корӣ ба шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд дар якҷоягӣ бо намояндагони вазорату идораҳои дахлдор бо ҷараёни корҳои омодагӣ ба ҷашни 5500-солагии Саразми бостонӣ шинос гардид. Дар  ин бора аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Зимни сафар аз оромгоҳи Абуабдулло Рӯдакӣ дар деҳаи Панҷрӯд, осорхона ва мавзеи оромгоҳ, меҳмонхонаи нав дар даромадгоҳи шаҳри Панҷакент (дорои 40 кат), корҳои сохтмонии бинои нави иловагии беморхонаи марказии шаҳр, бинои нави иловагии таваллудхонаи марказии шаҳр, сохтмони бинои иловагии Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент, ҶСК «Маърифатпарвар», навсозии меҳмонхонаи  «Интурист», меҳмонхонаи назди Раёсати омори шаҳр, ҷараёни корҳои сохтмонии бинои осорхонаи «Саразм», МТМУ №72-и шаҳраки Саразм, МТМУ дар маҳаллаи аҳолинишини навбунёди деҳаи Бостондеҳи Ҷамоати деҳоти Саразм боздид ба амал оварда шуд.

Ҳамзамон бо аҳолӣ оид ба пешгирии бемории COVID-19 ва дигар бемориҳои сироятӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд.

Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар Панҷакент бо ҷараёни  корҳои омодагӣ ба 5500-солагии Саразми бостонӣ шинос гардид Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар Панҷакент бо ҷараёни  корҳои омодагӣ ба 5500-солагии Саразми бостонӣ шинос гардид

Источник: khovar.tj