Муовини Сарвазири Тоҷикистон аз қисмҳои низомии мамлакат боздид намуд

0
151

Муовини Сарвазири Тоҷикистон  аз қисмҳои низомии мамлакат боздид намуд

ДУШАНБЕ, 30.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Исматуллозода ва раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллоҳ Раҳмонзода 28 апрел аз қисми низомии 02615-и ноҳияи Шоҳмансур ва 07150-и шаҳри Турсунзода дидан намуданд. Дар  ин бора аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Зимни сафар аз омодагиҳои қисмҳои низомӣ вобаста ба пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла коронавирус, ҳолати бунгоҳҳои саломатӣ ва шароит дар вақти мулоиҷа, ҳолати буду боши сарбозон, инчунин ҷойи хоб, хурду хӯрок, ҷойҳои шустани дасту рӯй ва бадан, синфхонаҳои дарсӣ, майдончаҳои варзишӣ ва ҷойҳои тамрини ҳарбӣ, фароғативу маишӣ (боғҳо) шинос шуданд.

Муовини Сарвазири мамлакат зимни суҳбат бо сарбозону афсарон иброз намуд, ки «Артиши миллӣ —  сипари боэътимодест, ки ба ҷасорату мардонагии ҷавонон асос ёфтааст. Хизмат ба Ватан-Модар қарзи фарзандӣ ва имониву виҷдонии ҳар як ҷавонмарди бонангу номус буда, мактаби бузурги тарбияи ирода, ҷасорат, шуҷоат ва ватандорӣ ба ҳисоб меравад. Иҷрои ин қарз нишонаи камолоти инсонии ҳар як ҷавон мебошад».

Ба сарбозону афсарони қисмҳои низомӣ дастур дода шуд, ки ҷиҳати самаранок истифода намудани заминҳои дар ихтиёр доштаашон тадбирҳои судманд андешанд.

Ба муовини Сарвазири мамлакат иттилоъ дода шуд, ки қисмҳои низомӣ бо маводи хӯрокӣ таъмин буда, захираи фаровони маҳсулоти хоҷагиҳои назди қисмҳои ҳарбӣ дар ихтиёри онҳо қарор дорад.

Ҳамчунин барои таъмини ҳолати санитарию гигиенӣ ва тамрини сарбозон маводи антисептикӣ ва лавозимоти варзишӣ тақдим карда шуданд.

Муовини Сарвазири Тоҷикистон  аз қисмҳои низомии мамлакат боздид намуд Муовини Сарвазири Тоҷикистон  аз қисмҳои низомии мамлакат боздид намуд

Источник: khovar.tj