Мунтахаби олимпии Тоҷикистон ба Чин сафар кард

0
142

Мунтахаби олимпии Тоҷикистон ба Чин сафар кард

Тими мунтахаби кишвар бо роҳбарии сармураббӣ Усмон Тошев бо мунтахабҳои олимпии Чин (8 декабр), Малӣ (11 декабр) ва Сурия (14 декабр) вомехурад

ДУШАНБЕ, 7 дек — Sputnik. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-22) оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи байналмилалии “CFA Team China W.O Cup International Football Tournament Zhuhai 2019” ба кишвари Чин сафар кард, хабар медиҳад сомонаи “Варзиш”.

Ба иттилои манбаъ, сармураббӣ Усмон Тошев 22 футболбоз аз ҷумла, 2 дарвозабон, 5 дифоъгар, 10 ниммуҳофизатгар ва 5 ҳамлаварро даъват намудааст.

Мусобиқа 8-14 декабр дар шаҳри Жуҳайи Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор мешавад.

Тими мунтахаби кишвар бо роҳбарии сармураббӣ Усмон Тошев бо мунтахабҳои олимпии Чин (8 декабр), Малӣ (11 декабр) ва Сурия (14 декабр) вомехурад.

Мусобиқа аз рӯи системаи даврӣ дар як давр доир мегардад.

Источник: sputnik-tj.com