Мунира Ҳакимова наттоқи шинохтаи кишвар даргузашт

0
146

Мунира Ҳакимова наттоқи шинохтаи кишвар даргузашт

Мунира Ҳакимова яке аз ровиён ва наттоқони хушсадо ва шинохтаи кишвар шаби гузашта аз дунё даргузаштааст

ДУШАНБЕ, 23 май – Sputnik. Дар ин бора яке аз наздикони наттоқи шинохтаи кишвар ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дода гуфт, ӯ шаби гузашта аз олам даргузашт.

Номбурда дар мавриди аз чи беморӣ фавтидани наттоқи шанохтаро шарҳ надод

Мунира Ҳакимова, қаблан дар вазифаи директори Кохи Ҷомӣ,  раҳбарии идораи тиҷорат ва рекламаи Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистонр ва чанд вазифаҳи дигар кор кардааст.

Марҳум аз наттоқони шинохтаи кишвар буд, ки қариб тамоми барномаҳои бузурги фарҳангӣ дар кишвар бо ҳузури ӯ доир мегашт.

Мунира Ҳакимова ҳамчун журналист ва наттоқ дар радиои Тоҷикистон ва шабакаи аввали Тоҷикистон кор карда, бо овози хубаш миёни мардум маъруф аст. Давлат Сафар ҳам аз журналистони ботаҷрибаи телевизион ба ҳисоб меравад ва гуфта мешавад, ки дубора ба барномаҳои нав дар Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон ҷалб мегардад.

Источник: sputnik-tj.com