Мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муовини якуми Ёвари Котиби давлатии ИМА

0
135

Мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо муовини якуми Ёвари Котиби давлатии ИМА

ДУШАНБЕ, 07.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. 7 январ дар Душанбе Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин муовини якуми Ёвари Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Миёна Элис Уэллсро, ки аз давлати мо боздид мекунад, ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Америкаро мавриди муҳокима қарор дода, роҷеъ ба масъалаҳои мубрами минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла дар соҳаи амният табодули назар карданд.

Зимни баррасии мавзӯи амнияти минтақавӣ ва раванди сулҳ дар Афғонистони ҳамсоя ҷонибҳо ба масъалаҳои таҳкими ҳифзи марзҳои Тоҷикистону Афғонистон, талошҳои пайваста дар муборизаи муштарак бо хатару таҳдидҳои замони муосир, бахусус терроризм, ифротгароӣ, тундгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд.

Акс аз ВКХ ҶТ

Источник: khovar.tj