Мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо намояндагони шарикони рушд

0
119

Мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо намояндагони шарикони рушд

ДУШАНБЕ, 25.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо шарикони рушди мамлакат 24 апрел баргузор гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар мулоқот Ҳамоҳангсози кишварии СММ Сезин Синаноғлу, Сафири ИМА Ҷон Марк Поммершайм, Сафири Германия Андреас Протманн, Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо Мэрилин Йосефсон, Роҳбари Намояндагии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Галина Перфилйева, Роҳбари Намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ Лучиано Калестини ва роҳбари Намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Ян-Питер Олтерс иштирок намуданд.

Дар мулоқот ҷонибҳо дар бораи иқдомҳои муштараки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва Тоҷикистон дар заминаи пешгирии хуруҷи бемории ҳамагири COVID-19 ва пайомадҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии он ба ҷумҳурӣ табодули назар намуданд.

Источник: khovar.tj