Мулоқотҳои ҳайати Тоҷикистон дар ҳошияи 26-умин иҷлосияи Шӯрои вазирони САҲА

0
136

Мулоқотҳои ҳайати Тоҷикистон дар ҳошияи 26-умин иҷлосияи Шӯрои вазирони САҲА

ДУШАНБЕ, 06.12.2019 /АМИТ «Ховар»/.  Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин 5-6 декабр дар ҳошияи 26-умин иҷлосияи Шӯрои вазирони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар Братислава якчанд мулоқотҳои судманд анҷом доданд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, 5 декабр дар Братислава Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Дабири кулли САҲА Томас Гремингер вохӯрӣ намуд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо дар масъалаҳои марбут ба дурнамои ҳамкории Тоҷикистону САҲА дар ҳар се ченак, аз ҷумла ҳамкорӣ дар доираи Раванди Душанбе оид ба мубориза алайҳи терроризм, Конфронси Душанбе оид ба татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи “Об барои рушди устувор” дар соли 2020 ва дигар мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми тарафайн мубодилаи афкор намуданд.

Худи ҳамон рӯз Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Намояндаи вежаи Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ Питер Буриан мулоқот намуд.

Мулоқотҳои ҳайати Тоҷикистон дар ҳошияи 26-умин иҷлосияи Шӯрои вазирони САҲА

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо, татбиқи Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ ва лоиҳаҳои муштаракро дар сиғаи мазкур мавриди муҳокима қарор доданд.

Инчунин мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо муовинони вазирони  корҳои хориҷии Португалия ва Испания баргузор гардид.

Мулоқотҳои ҳайати Тоҷикистон дар ҳошияи 26-умин иҷлосияи Шӯрои вазирони САҲА

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар мулоқот бо Муовини вазири корҳои хориҷии Португалия Мария Тереза Рибейро аз тавсеаи робитаҳои сиёсӣ изҳори қаноатмандӣ карда, ба зарурати густариши ҳамкории фарҳангӣ ва иқтисодӣ миёни ду давлат таъкид кард.

Ташкили бизнес-форумҳо ва сафарҳои ҳайатҳои иқтисодии тарафайн салоҳ дониста шуд. Масъалаҳои тағйирёбии иқлим ва идораи самараноки об, аз ҷумла пешбурди ҳадафҳои Даҳсолаи «Об барои рушди устувор» низ зимни мулоқот баррасӣ гардид.

Зимни мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Муовини вазири корҳои хориҷии Испания Фернандо Марзо оид ба масъалаи густариши равобити дуҷониба ва тавсеаи минбаъдаи онҳо табодули афкор сурат гирифт. Ҷонибҳо ҷиҳати идомаи ҳамкории мутақобилан судманд дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ, бавижа дар масъалаҳои мудирияти об изҳори омодагӣ  намуданд.

Мулоқотҳои ҳайати Тоҷикистон дар ҳошияи 26-умин иҷлосияи Шӯрои вазирони САҲА

Аксҳо аз ВКХ ҶТ

Источник: khovar.tj