Мулоқот бо саноатчиёни ҷумҳурӣ

0
239

14 октябр дар Кохи Борбад мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо саноатчиёни ҷумҳурӣ баргузор гардид.

Ҳадафи мулоқот таҳлили вазъи воқеии соҳаҳои иқтисоди миллӣ, бахусус бахши саноат, бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, дарёфти роҳҳои нави рушди саноат ва мусоидат кардан ба татбиқи ҳадафи чоруми стратегии кишвар – саноатикунонии босуръати мамлакат мебошад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди иштирокчиёни мулоқот бо таҳлилҳои амиқи вазъи соҳаи саноат дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ, дар амал ҷорӣ кардани ислоҳоти соҳаҳо, барномаҳои давлатӣ ва сармоягузорӣ ба иқтисоди миллӣ, суханронӣ карда, барои рушду пешрафти кишвар, таъсиси корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти ватанию ивазкунандаи воридот, ба шуғл фаро гирифтани сокинон ба Ҳукумати кишвар, вазорати саноат ва технологияҳои нав, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва дигар сохторҳои марбута дастуру супоришҳо доданд.

Баъди суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як гуруҳ соҳибкорон, саноатчиёни ҷумҳурӣ бо таклифу пешниҳодҳо баромад карда, барои таъмини фазои созгори фаъолияти истеҳсолӣ, пешниҳоди имтиёзҳо, дастгирии соҳибкории хурду миёна ва дигар тадбирҳои созандаи роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар изҳори сипос намуданд.

Источник: president.tj