Мулоқот бо роҳбари ширкати “Трафигура Групп” Ҷеремӣ Вейр

0
58

22 июн дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбари ширкати “Трафигура Групп” Ҷеремӣ Вейрро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот масоили рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Ширкати “Трафигура Групп”-и Швейтсария баррасӣ гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохӯрии имрӯзаро имкони хуби муҳокимаи масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои мухталифи истеҳсолот, тиҷорати мол ва логистикаи марбут ба он арзёбӣ карданд.

Зимни мулоқот истифодаи имкониятҳои васеъ дар соҳаи саноат, аз ҷумла иштироки ширкати “Трафигура Групп” дар лоиҳаҳои татбиқшаванда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, зиёд намудани истеҳсоли алюминий дар Ҷамъияти Саҳомии Кушодаи “Ширкати Алюминийи Тоҷик”, хариди минбаъдаи алюминийи аввалиндараҷа ва таъмини гилхок, густариши ҳамкорӣ бо Корхонаи Муштараки “Зарафшон”, Ҷамъияти Саҳомии Пушидаи “Талко Голд”, ҳамкорӣ дар коркарди маъданҳои куҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини таҳвили навъҳои гуногуни маҳсулоти нафтӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштирок дар рушди манбаъҳои алтернативии энергия дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ карданд.

Дар вохӯрӣ ҳамчунин ҷонибҳо оид ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои нерӯи барқ ва манбаҳои таҷдидшавандаи нерӯ, интиқоли бор, хизматрасонии логистикӣ ва бахши коркарди металлҳову маъданҳо, инчунин содироти маҳсулот табодули андеша карданд.

Источник: president.tj