Мулоқот бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов

0
5

17 сентябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, ки ҳамчун меҳмони фахрӣ дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ширкат меварзад, мулоқот карданд.

Дар вохурӣ ҳолат ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки тавофуқоти дар ҷараёни гуфтушунидҳои дуҷониба ҳосилшуда, ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории кишварҳои мо хизмат хоҳанд кард.

Ҷонибҳо зимни вохурии самимӣ масъалаи рушду густариши робитаҳоро дар соҳаҳои ояндадори саноат, кишоварзӣ, нақлиёту боркашонӣ, истифодаи бандарҳои обии Туркманистон барои боркашонии Тоҷикистон ва тавсеаи ҳамкориро дар бахши фарҳангию гуманитарӣ муҳокима намуданд.

Зимни баррасии масоили амниятии минтақавӣ вазъи сиёсию низомии Афғонистони ҳамсоя муҳокима карда шуд.

Сарони ду давлат хостори ҳар чӣ зудтар бо роҳи мусолиматомез ҳал кардани қазияи ин кишвари ҷангзада шуданд.

Дар мулоқот ҳамчунин вобаста ба дигар масъалаҳои мубрами ҷомеаи ҷаҳонӣ ва минтақа табодули афкор сурат гирифт.

Маводҳо доир ба мавзӯъ:

Маводи дигар вобаста ба робитаҳо дар сатҳи олӣ миёни Тоҷикистон ва Туркманистон

Источник: president.tj