Мулоқот бо Мудири кулли ЮНЕСКО хонум Одрӣ Азуле

0
90

14 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Фаронса бо Мудири кулли ЮНЕСКО хонум Одрӣ Азуле мулоқот карданд.

Дар ҷараёни мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин ниҳоди бонуфузи Созмони Милали Муттаҳид дар соҳаҳои фарҳанг, илм ва маориф баррасӣ гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти ЮНЕСКО барои густариши ҳамкорӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос карда, тамоми кормандони ЮНЕСКО-ро ба муносибати 75-умин солгарди таъсисёбии ин Созмон табрику таҳният гуфтанд.

Аз талошҳои муштараки Тоҷикистон ва ЮНЕСКО давоми солҳои ҳамкорӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуда, таъкид гардид, ки номинатсияҳои “Наврӯз”, “Шашмақом” ва “Чакан – санъати гулдӯзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Рӯйхати мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ва номинатсияи Ҳулбук бо номи нав, яъне “Ҳулбук – пойтахти Хатлони қадима” ба Рӯйхати муқаддамотии ЮНЕСКО ворид гардид. Ҳоло номинатсияҳои “Ҷашни Меҳргон”, “Санъати кашидадӯзӣ”, “Кирмакпарварӣ ва абрешимбофӣ”, “Рубоб”, “Бозиҳои бачагона” ва “Латифаҳои Хоҷа Насриддин аз ҷониби Тоҷикистон ҳамроҳ бо дигар кишварҳо ба ЮНЕСКО пешниҳод шудааст. Номинатсияҳои миллии мо “Фалак” ва “Атлас ва Адрасбофӣ” низ тибқи талаботи ЮНЕСКО омода гардида, барои баррасӣ дар соли 2022 пешниҳод гардидааст.

Ба туфайли талошҳои муштарак дар Тоҷикистон соли гузашта ҷашнҳои бошукӯҳи 5500-солагии Саразми бостонӣ ва 700-солагии Камоли Хуҷандӣ баргузор гардиданд.  

Таъкид шуд, ки муаррифии хуби фарҳангу таърих бештар ба самти сайёҳӣ алоқаманд мебошад. Дар ин зимн, лоиҳаи ЮНЕСКО ва Иттиҳоди Аврупо таҳти унвони “Долони мероси Роҳи абрешим дар Афғонистон, Осиёи Марказӣ ва Эрон – ҷанбаи байналмилалии соли аврупоии мероси фарҳангӣ” муҳим арзёбӣ карда шуд.

Ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот Лоиҳаи ЮНЕСКО таҳти унвони “Илм, технология, муҳандисӣ, риёзӣ (STEM) ва технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ (ICT)”, Барномаи иштироки ЮНЕСКО дар ҳалли масъалаҳои баробарии гендерӣ, таҳсил дар давраи COVID, технологияҳои компютерӣ ва “Барномаи мутахассисони ҷавон”-ро, баррасӣ карданд.

Бо ёдоварӣ аз ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон оид ба ҳалли масоили марбут ба об таъкид шуд, ки Барномаи байналмилалии гидрологии ЮНЕСКО (IHP) яке аз шарикони муҳимми Тоҷикистон дар самти пешбурди масъалаҳои обу иқлим дар заминаи ташаббусҳои байналмилалии мо мебошад.

Зимни мулоқот баргузории Рӯзи фарҳанги Тоҷикистон дар ЮНЕСКО ва ифтитоҳи Намоишгоҳи нигораҳои таърихии Тоҷикистон таҳти унвони “Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ” бо иштироки сарони давлатҳои Тоҷикистону Фаронса, натиҷагирӣ карда шуд.

Дар фарҷоми суҳбат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Мудири кулли ЮНЕСКО хонум Одрӣ Азуле даъват ба амал оварданд, ки дар вақти барояшон муносиб аз Тоҷикистон боздид ба амал оранд.

Маводҳо доир ба мавзӯъ:

Маводи дигар вобаста ба мавзӯъи ЮНЕСКО

Источник: president.tj