Мулоқот бо Фармондеҳи Фармондеҳии Марказии Қувваҳои Мусаллаҳи ИМА генерал Майкл Эрик Курилла

0
45

15 июн дар Қасри миллат мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Фармондеҳи Фармондеҳии Марказии Қувваҳои Мусаллаҳи ИМА генерал Майкл Эрик Курилла баргузор гардид.

Дар рафти мулоқот масъалаҳои густариши муносибатҳои Тоҷикистону Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, бахусус ҳамкориҳои низомиву амниятӣ, баррасӣ гардиданд.

Ҷонибҳо, ҳамчунин, атрофи вазъи кунунӣ дар минтақа ва ҷаҳон, масъалаҳои мубориза алайҳи терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, мубодилаи афкор анҷом доданд.

Источник: president.tj