Мулоқот бо фаъолону сокинони ноҳияҳои Восеъ ва Темурмалики вилояти Хатлон

0
251

Дар ноҳияи Восеъ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди оғози лоиҳаи “Таҷдиди роҳи автомобилгарди Восеъ-Ҳулбук-Темурмалик-Кангурт” бо фаъолону сокинони ноҳияҳои Восеъ ва Темурмалики вилояти Хатлон мулоқоти самимӣ доир карданд.

Сарвари давлат таъкид доштанд, ки имрӯзҳо дар саросари мамлакат даҳҳо иншооти иқтисодиву иҷтимоӣ ифтитоҳ гардида истодаанд, ки натиҷаи талошҳои Ҳукумати кишвар, сохтору мақомоти марказӣ ва маҳаллии давлатӣ, заҳмати соҳибкорону шахсони саховатпеша ва сокинони кишвар ба хотири ободониву бунёдкории Ватани маҳбубамон ва дастовези арзанда ба ҷашни истиқлоли Тоҷикистон мебошанд.

Баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ яке аз ҳадафҳои стратегии ҳукумати кишвар ба ҳисоб рафта, то имрӯз дар мамлакат беш аз 2800 километр роҳҳои мошингард, 5 нақби нақлиётӣ ва 405 пули мошингузар бунёд ва таҷдиду азнавсозӣ гардидаанд.

Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон айни ҳол 6 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи беш аз 3 миллиард сомонӣ барои таҷдиду азнавсозии 316 километр роҳ ва 25 пул мавриди татбиқ қарор дорад.

Барои таҷдиди роҳи мошингарди Восеъ – Ҳулбук – Темурмалик – деҳоти Кангурт, ки имрӯз оғоз гардид, зиёда аз 200 миллион сомонӣ равона мегардад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки татбиқи лоиҳа имкон медиҳад, ки барои аҳолии ноҳияҳои Восеъ ва Темурмалик ҷиҳати рафтуомад ба дигар манотиқи кишвар, баромадан ба роҳҳои байналмилалӣ, интиқоли маҳсулоти кишоварзӣ ба бозорҳои дигар шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб ва Бохтар бо хароҷоти камтарини ҳамлу нақл имконияти мусоид фароҳам оварда шавад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳияҳоеро, ки роҳи мазкур аз ҳудуди онҳо мегузарад, вазифадор карданд, ки дар ҳамкорӣ бо сармоягузорон ва соҳибкорони ватаниву хориҷӣ ҷиҳати бунёди иншооти инфрасохтории зарурӣ барои ҷалби сайёҳон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди сайёҳӣ чораҷӯӣ намоянд.

Бо мақсади омодагӣ ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Восеъ сохтмону азнавсозии зиёда аз 230 иншоот ва дар ноҳияи Темурмалик 270 лоиҳа ба нақша гирифта шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки сари вақт амалӣ гардидани чорабиниҳои зикршуда ба татбиқи ҳадафҳои созандаи Ҳукумати кишвар ҷиҳати беҳдошти сатҳи зиндагии мардум мусоидат хоҳад кард.

Дар охир Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки бо татбиқи лоиҳаҳои зикршуда, аз ҷумла бунёди роҳи Восеъ – Ҳулбук – Темурмалик – деҳоти Кангурт, инчунин, бо иҷрои нақшаи корҳои ободонӣ дар ду – се соли наздик ноҳияҳои Восеъ ва Темурмалик хеле ободу зебо шуда, шароити зиндагии сокинони он бамаротиб беҳтар мегардад.

Баъди суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз номи сокинони ноҳияи Восеъ собиқадори меҳнат Одинамаҳмад Исоев ва донишҷу Мафтуна Сиярзода барои ғамхориҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат бо изҳори сипосу миннатдорӣ  баромад карданд.

Источник: president.tj