Мулоқот бо дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ Станислав Зас

0
79

1 июл дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ Станислав Засро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот самтҳои афзалиятноки раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ дар соли 2021, вазифаҳои имрӯзаи Созмон ва баъзе масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ баррасӣ гардиданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки Тоҷикистон тибқи афзалиятҳои дар доираи Созмон эълоншуда, вазифаҳои раёсати худро пайваста иҷро карда истодааст.

Таъкид гардид, ки то имрӯз дар Тоҷикистон ҷаласаҳои кумитаи котибони шӯроҳои амният, шӯроҳои вазирони дифоъ ва вазирони корҳои хориҷӣ баргузор гардид ва корҳои омодагӣ ба баргузории иҷлосияи Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ идома дорад.

Аз фаъолияти Котиботи Созмон ҷиҳати мусоидат дар омодагӣ ва гузаронидани чорабиниҳои бобарор дар Тоҷикистон изҳори қаноат карда шуд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот оид ба вазъи душвори низомиву сиёсӣ дар минтақа табодули андеша намуда, мустаҳкам кардани иқтидори ҳифзи сарҳади байни Тоҷикистону Афғонистонро зарур шумурданд.

Дар вохӯрӣ инчунин дигар масъалаҳои ҷорӣ, аз ҷумла омодагӣ ба баргузории мулоқоти навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, ки соли 2021 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, муҳокима карда шуданд.

Источник: president.tj