Мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Подшоҳии Арабистони Саудӣ шоҳзода Файсал ибни Фарҳон Оли Сауд

0
61

3 октябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Подшоҳии Арабистони Саудӣ шоҳзода Файсал ибни Фарҳон Оли Саудро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот маҷмуъи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистону Подшоҳии Арабистони Саудӣ баррасӣ гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки мо ба густариш ва таҳкими муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории судманди ду давлат таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир менамоем.

Зимни мулоқот оид ба таҳкиму тавсеаи муколамаи сиёсии сатҳи олӣ ва баланд, робитаҳо дар самтҳои муҳими ҳамкорӣ, аз қабили бахши тиҷорату иқтисод, соҳаҳои энергетика, нақлиёту коммуникатсия, саноати сабук, сохтмон, кишоварзӣ, сайёҳӣ ва ҷалби сармоя ба ин бахшҳо, ки имкониятҳои зиёдро доро мебошанд, табодули андеша сурат гирифт. 

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо ба масъалаи татбиқи босамари стратегияҳои миллии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ, аз ҷумла Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Стратегияи “Дидгоҳи – 2030”, ки бар нафъи мардумони ҳар ду кишвар амалӣ мегарданд, таваҷҷуҳ зоҳир карданд.

Ҷонибҳо ҳамчунин ба фаъолгардонии кори Шӯрои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ ва Осиёи Марказӣ, Комиссияи муштараки ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию техникӣ, Анҷумани соҳибкорони Тоҷикистону Арабистони Саудӣ ва Шӯрои соҳибкорони ду кишвар, изҳори ҳавасмандӣ намуданд.

Зимни баррасии масоили мубрами ҷомеаи ҷаҳонӣ, вазъи сиёсии кишвари ба мо ҳамсояи Афғонистон, тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои таъмини амният, мубориза бо терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ, бахусус Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони ҳамкории исломӣ ҳамкории судманд доранд ва таъкид шуд, ки кишвари мо аз узвияти Арабистони Саудӣ дар Созмони ҳамкории Шанхай ба ҳайси шарики муколама, ки дар давраи раёсати Тоҷикистон сурат гирифт, истиқбол менамояд.

Дар мулоқот ҳамчунин оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯ сурат гирифт.

Источник: president.tj