Мулоқот бо Директори идории Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА) хонум Кристалина Георгиева

0
86

6 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Шарм-уш-Шейхи Ҷумҳурии Арабии Миср дар ҳошияи Иҷлоси бисту ҳафтуми Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (КОП-27) бо Директори идории Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА) хонум Кристалина Георгиева мулоқот карданд.

Дар рафти суҳбат масоили ҳамкории Тоҷикистону Хазинаи байналмилалии асъор мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози мулоқот саҳми Хазинаро дар рушди устувори иҷтимоию иқтисодии кишварамон таъкид намуда, натиҷаҳои вохӯрии имрӯзаро аз лиҳози баррасии ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Хазинаи байналмилалии асъор муҳим арзёбӣ карданд.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон бо воридшавӣ ба узвияти Хазинаи байналмилалии асъор (соли 1993) аз кӯмакҳои он дар пешбурди ислоҳоти иқтисодӣ, нигоҳдории суботи макроиқтисодӣ, дастгирии тавозуни пардохт, таъмини устувории захираҳои байналмилалӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, аз ҷумла давраи пандемияи коронавирус, баҳраманд гардидааст.

Ҷонибҳо зимни мулоқот оид ба самтҳои гуногуни ҳамкорӣ, аз ҷумла дар ҳалли мушкилоти таъсири манфии тағйирёбии иқлим ба рушди устувор, дарёфти роҳҳои ҳалли ҳамгироёнаи масъалаҳои обу иқлим ва дигар мавзуъҳои мубрами рӯз табодули андеша карданд.

Ҷонибҳо таҳкими ҳамкориҳои минбаъдаи Тоҷикистонро бо Хазинаи байналмилалии асъор барои Тоҷикистон барои амалисозии минбаъдаи ислоҳоти иқтисодӣ ва рушди бомароми кишвар зарур донистанд.

Дар охири мулоқот Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Директори идории Хазинаи байналмилалии асъор даъват ба амал оварданд, ки дар вақти барояшон муносиб ба Тоҷикистон ташриф оранд.

Источник: president.tj