Мулоқот бо Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ Станислав Зас

0
77

18 октябр дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз таҳарруки террористон” бо Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ Станислав Зас мулоқот карданд.

Дар рафти мулоқот масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон дар чаҳорчуби Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, вазифаҳои имрӯзаи Созмон, инчунин мавзуъҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ баррасӣ гардиданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъиро омили муҳими таъмини амният ва суботи минтақа арзёбӣ карданд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот оид ба вазъи душвори низомиву сиёсӣ дар минтақа ва ҷаҳон табодули андеша намуда, мустаҳкам кардани иқтидори ҳифзи сарҳади байни Тоҷикистону Афғонистонро зарур шумурданд.

Дар вохӯрӣ инчунин дигар масъалаҳои ҷорӣ, аз ҷумла омодагӣ ба баргузории мулоқоти навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, муҳокима карда шуд.

Источник: president.tj