Мулоқоти Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон бо Раиси Бонки миллии Швейтсария Томас Джордан

0
25

Дар доираи Ҷаласаҳои солонаи Хазинаи байналмилалии асъор ва Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ, ки 16-22 апрели соли 2018 дар шаҳри Вашингтони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико доир гашт, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода, Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев ва Намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бонки Ҷаҳонӣ, Хазинаи байналмилалии асъор Илҳом Раҷабов ва роҳбарони воҳидҳои сохтории калидии БМТ бо Раиси Бонки миллии Швейтсария Томас Джордан ва Вазири молияи Швейтсария Ули Мауер вохӯрии судманд анҷом доданд. Дар вохӯрии мазкур Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода низ ширкат варзид.

Мулоқоти Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон бо Раиси Бонки миллии Швейтсария Томас Джордан

Зимни мулоқот Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода оид ба вазъи кунунии низоми молиявӣ ва татбиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030 маълумоти мухтасар пешниҳод намуда, аз сатҳи ҳамкориҳои судманд дар доираи Гурӯҳи давлатҳои минтақа дар ХБА/БҶ, ки сарпарастии онро Швейтсария ба уҳда дорад, ибрози қаноатмандӣ намуд.

Мулоқоти Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон бо Раиси Бонки миллии Швейтсария Томас Джордан

Ҷамшед Нурмаҳмадзода изҳори умед кард, ки барои бартараф намудани таъсири буҳрони молиявӣ ва дар амал татбиқ намудани ислоҳоти пешбинишуда зарурати оғози барномаи нави ХБА барои Тоҷикистон (бо назардошти он ки барномаи охирон барои кишвари мо соли 2009 тарҳрезӣ карда шуда буд) муҳим арзёбӣ мегардад . Ҷамшед Нурмаҳмадзода инчунин муҳиммияти барқарор намудани муносибатҳои муросилотии бонкиро мавриди таваҷҷуҳи ҳозирин қарор дода, Бонки миллии Швейтсарияро барои мусоидат дар ин раванд ба ҳамкорӣ даъват намуд.

Мулоқоти Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон бо Раиси Бонки миллии Швейтсария Томас Джордан

Дар навбати худ, Раиси Бонки миллии Швейтсария Томас Джордан аз сатҳи ҳамкориҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуда, барои тавсеа бахшидани онҳо, аз ҷумла дар самти устувории низоми бонкӣ ва дигар бахшҳои иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагии хешро баён намуданд.

Дар мулоқоти мазкур инчунин Вазири молияи Швейтсария Ули Мауер ширкат варзида, бо ҷониби Тоҷикистон масъалаи ҳамкорӣ дар самтҳои муҳимми иқтисодиёт, аз ҷумла дар бахши захираҳои энергетикӣ ва эҳтимолияти дар доираи ёддошти тафоҳум ба роҳ мондани ҳамкорӣ ва ширкат дар лоиҳаҳои хусусияти минтақавидоштаро мавриди муҳокима қарор доданд.

Шуъбаи матбуоти БМТ

Источник: nbt.tj