Мулоқоти Фирдавс Толибзода бо ҳайати Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ (SECO)

0
16

31 августи соли 2022 Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Толибзода Фирдавс Назримад бо Директори амалиётҳои SECO дар давлатҳои Ҷануб ва Шарқ ҷаноби Мартин Саладин ва Директори Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон хонум Саломе Штайб мулоқоти корӣ анҷом дод.

Мулоқоти Фирдавс Толибзода  бо ҳайати  Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ (SECO)

Зимни вохӯрӣ Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода ба сатҳу сифати ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон ва SECO баҳои баланд дода, ҷаноби Мартин Саладин ва ҷониби Швейтсарияро бо вазъи макроиқтисодӣ ва низоми бонкии кишвар шинос намуд.

Зикр гардид, ки Бонки миллии Тоҷикистон бо як қатор сохторҳои давлатӣ ва ташкилотҳои Швейтсария ҳамкории босамарро ба роҳ мондааст ва ин боиси қаноатмандии тарафҳо мебошад. Аз ҷумла, гуфта шуд, ки Бонки миллии Тоҷикистон дар самти таъмини суботи молиявӣ, тақвият бахшидани низоми бонкӣ, ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва рушди низоми пардохт бо SECO равобити судмандро роҳандозӣ намуда, дар ин замина ҷиҳати рушди низоми бонкии кишвар аз кӯмакҳои техникӣ ва машваратии ниҳоди мазкур бархӯрдор гардидааст.

Мулоқоти Фирдавс Толибзода  бо ҳайати  Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ (SECO)

Фирдавс Толибзода ба мусоҳиби худ барои кӯмакҳои техникӣ ва машваратии SECO миннатдории хешро баён дошта, изҳори эътимод намуд, ки минбаъд низ ҳамкориро дар самти тақвият бахшидани устувории низоми бонкӣ, рушди низоми пардохт ва ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ идома хоҳанд дод.

Таъкид гардид, ки Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо SECO ва Бонки Ҷаҳонӣ “Стратегияи миллии фарогирии молиявӣ барои солҳои 2022-2026” таҳия намуд, ки 1 июли соли 2022 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст. Бинобар ин, изҳори умед карда шуд, ки намояндагони SECO ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Стратегияи мазкур талош хоҳанд кард.

Директори амалиётҳои SECO дар давлатҳои Ҷануб ва Шарқ ҷаноби Мартин Саладин дар навбати худ барои идомаи ҳамкории мутақобилан судманди ҷонибҳо дар самтҳои зикргардида ҳавасмандӣ зоҳир намуд.

Мулоқоти Фирдавс Толибзода  бо ҳайати  Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ (SECO)

Зимни муколама ҷараёни татбиқи кӯмакҳои техникии SECO ба Бонки миллии Тоҷикистон, аз ҷумла дар самти татбиқи лоиҳаи рушди идоракунии корпоративӣ, таҳияи заминаи меъёрию ҳуқуқии низоми пардохт мавриди баррасӣ қарор дода шуда, масъалаи расонидани кӯмаки машваратию техникӣ дар самти таъсиси Академияи бонкӣ, дастгирии SECO дар роҳандозии муносибатҳои муросилотии бонкҳои кишвар бо бонкҳои хориҷӣ, таҳияи барномаҳои нави SECO дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои барои ҳарду ҷониб муҳим баррасӣ карда шуд.

Дар маҷмуъ, вохӯрӣ дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳум сурат гирифта, ҷонибҳо барои тақвияти бештари ҳамкориҳои мутақобилан судманд омодагии хешро баён намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки дар мулоқоти мазкур инчунин, ҳамоҳангсози барномаҳои иқтисодии Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ Малика Иброҳимова, корманди барномаи макроиқтисодии SECO дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Мавзуна Шозодаева ва роҳбарони як қатор воҳидҳои сохтории дахлдори Бонки миллии Тоҷикистон ҳузур доштанд.

Шуъбаи матбуот

Источник: nbt.tj