Мулоқот бо Раиси Маҷлиси Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон Ерлан Кошанов

0
30

4 май дар шаҳри Остона Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари давлатӣ бо Раиси Маҷлиси Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон Ерлан Кошанов мулоқот карданд.

Дар рафти мулоқот маҷмуи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон, аз ҷумла заминаи ҳуқуқии байни кишварҳо ва робитаҳои байнипарлумонии ду кишвар баррасӣ гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки Қазоқистон шарики боэътимоди стратегии Тоҷикистон аст ва дар сиёсати хориҷии давлати мо мақоми хосса дорад.

Зимни вохӯрӣ аз сатҳи баланди муносибатҳои гуногунҷанба, ки аз анъанаҳои деринаи дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, эътимод ва дастгирии ҳамдигар асос ёфтаанд, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Таъкид гардид, ки робитаҳои байнипарлумонӣ ҷузъи муҳими муносибатҳои мост, зеро онҳо дар пешбурди афзояндаи тамоми масъалаҳои рӯзномаи муносибатҳои Тоҷикистону Қазоқистон ва дар таҳкими заминаи ҳуқуқии ҳамкориҳои ду кишвар нақши муҳим доранд.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо оид ба ҳамкории зичи кишварҳо тавассути парлумони ду кишвар дар сатҳҳои гуногуни байналмилалӣ, аз ҷумла ассамблеяҳои парлумонии ИДМ, СААД, САҲА, сафарҳои мутақобилаи ҳайатҳои парлумонӣ ва таъсиси Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории байнипарлумони табодули андеша карданд.

Ҷонибҳо дар рафти мулоқот ҳамчунин оид ба дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.

 

Источник: president.tj