Мулоқот бо Президенти Гурӯҳи Бонки умумиҷаҳонӣ Аҷай Банга

0
25

3 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Дубай дар ҳошияи Конфронси 28-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим бо Президенти Гурӯҳи Бонки умумиҷаҳонӣ Аҷай Банга мулоқот карданд.

Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон бо ин ташкилоти бонуфузи молиявӣ муҳокима карда шуд.

Дар ин робита Сарвари давлати мо саҳми Бонкро дар маблағгузорӣ ба тадбирҳои мутобиқшавӣ ба пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва пешгирӣ аз онҳо муҳим арзёбӣ намуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Бонки умумиҷаҳониро яке аз шарикони асосии Тоҷикистон дар соҳаи рушд арзёбӣ карда, аз сатҳи ҳамкориҳо бо он изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот вазъи феълии ҳамкориро дар соҳаҳои обу энергетика, кишоварзӣ, муҳити зист ва рушди деҳот, сиёсати иқтисодӣ, рушди бахшҳои тандурустӣ, маориф, , шаҳрсозӣ ва коҳиши сатҳи камбизоатӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.

Зимни суҳбат Пешвои миллат ба зарурати идомаи татбиқи лоиҳаи хатти баландшиддати интиқоли барқ “CASA-1000”, ки бозори энергетикии Осиёи Марказӣ ва Ҷанубиро тавассути Афғонистон бо ҳам мепайвандад, таъкид карданд.

Айни ҳол Бонк дар Тоҷикистон 28 лоиҳаро бо маблағи умумии 1,5 миллиард доллари амрикоӣ маблағгузорӣ мекунад.

Амалӣ намудани ислоҳоти фарогир ва сохтории иқтисодиёти кишвар, алалхусус дар соҳаҳои алоқаи барқӣ, рақамикунонӣ, авиатсияи гражданӣ ва беҳтаргардонии фазои сармоягузорӣ аз самтҳои муҳими ҳамкорӣ бо Бонк маънидод гардид.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ табодули андеша карданд.

Дар фарҷоми суҳбат Пешвои миллат аз Президенти Гурӯҳи Бонки умумиҷаҳонӣ Аҷай Банга ҷиҳати анҷом додани боздид аз Тоҷикистон даъват ба амал оварданд. Ин даъват бо хушнудӣ пазируфта шуд.

 

Источник: president.tj