Мулоқот бо намояндагони Бонки рушди Хитой

0
39

Имрӯз, 28 августи соли равон дар Бонки миллии Тоҷикистон вохӯрии Гурӯҳи кории Бонки Рушди Хитой дар ҳайати ҷанобон Фэн Же, Су Чунминг ва Ванг Шаонан бо муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Умед Латифов ҷиҳати баррасии як қатор масъалаҳои ҳамкории дуҷониба баргузор гардид.

Мулоқот бо намояндагони Бонки рушди Хитой

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо асосан масъалаҳои рушди муносибатҳои дуҷонибаи судманд, аз ҷумла таҳияи лоиҳаи Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки рушди Хитой баррасӣ шуданд. Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки Бонки рушди Хитой дар маблағгузории лоиҳаҳои инфрасохторӣ, махсусан энергетикӣ саҳми худро гузорад. Ҳамчунин пешниҳод карда шуд, ки Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун бонки хизматрасон дар раванди дарёфт ва пешниҳоди лоиҳаҳои афзалиятнок барои маблағгузорӣ ба ҷониби Бонки Рушди Хитой кумак хоҳад кард.

Аз ҷониби ҳайати Бонки рушди Хитой нисбати масъалаҳои баррасишуда ва ҳамкориҳои минбаъда бо Бонки миллии Тоҷикистон омодагӣ изҳор карда шуд. Аз ҷумла, намояндаи Бонки рушди Хитой таъкид намуд, ки ба мақсади рушди ҳамкориҳои минбаъда охири сентябри соли ҷорӣ ҳайати намояндагии Бонки номбурда ҷиҳати пешниҳод намудани Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки рушди Хитой ташриф меорад.

Хадамоти матбуоти  
БМТ

Источник: nbt.tj