Мулоқот бо муовини Раиси Девони вазирон, Вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов

0
42

9 март дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Девони вазирон, Вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередовро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар рафти суҳбат маҷмӯи васеи масоили ҳамкории ду кишвар баррасӣ гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи ҳамкории кишварҳо, ки бемайлон тавсеа ёфта, соҳаҳои мухталифи мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро фаро гирифтаанд, изҳори қаноатмандӣ карданд.

Зимни баррасии масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи дӯстию ҳамёрӣ пешниҳод гардид, ки кори комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркманистон оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ, фаъолияти Шӯрои тиҷоратӣ ҷоннок карда шавад.

Рушду густариши муносибатҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои нақлиёту боркашонӣ, таъсиси корхонаҳои саноатӣ ва истифодаи долонҳои нақлиётии Туркманистон аз самтҳои ояндадори ҳамкории ду кишвар арзёбӣ гардид.

Ҷонибҳо бо изҳори қаноатмандӣ фаъол гардидани робитаҳо ва ҳамкориҳои байнипарлумониро, ки дар пешбурди тамоми маҷмӯи муносибатҳои ду кишвар нақши муҳим доранд, қайд намуданд.

Дар мулоқот ҷиҳати густариши ҳамкории гуманитарии кишварҳо идомаи тадбирҳо барои гузарондани конференсияҳои якҷояи байналхалқии илмию амалӣ, фестивалҳо, симпозиумҳо, инчунин ташкил намудани вохуриҳои аҳли зиёи ду кишвар зарур шумурда шуд.

Дар рафти вохӯрӣ ҳамчунин вазъи феълии муносибатҳои ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчуби ташкилоту созмонҳои бонуфуз, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Фонди байналимилалии наҷоти Арал, мулоқотҳои машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, инчунин дигар масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналмилалию минтақавӣ муҳокима гардид.

Дар фарҷом ҷонибҳо ҷадвали чорабиниҳо ва мулоқоту тамосҳои дуҷонибаи дарпешистодаро мавриди назар қарор доданд.

Источник: president.tj