Мулоқот бо муовини Раиси Ҳукумат, вазири саноат ва тиҷорати Федератсияи Русия Денис Мантуров

0
65

27 апрел дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Ҳукумат, вазири саноат ва тиҷорати Федератсияи Русия Денис Мантуровро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни мулоқот масоили мухталифи шарикии стратегии ду кишвар, аз ҷумла ҳамкорӣ дар бахши саноат мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Русия, инчунин робитаҳои кишварҳои мо дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ изҳори қаноатмандӣ карданд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот маҷмуи васеи масоили муносибатҳои кишварҳоро дар самтҳои ояндадори тиҷоратию иқтисодӣ, бахусус саноат ва татбиқи лоиҳаҳои калони сармоягузорӣ, ҳамкории фаъол тавассути таъсиси паркҳои саноатӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ муҳокима карданд.

Ҳамкорӣ дар бахши саноати маъдантозакунӣ, металлургия, коркарди нафт, техникаи электронӣ, саноати нассоҷӣ, хӯрокворӣ, фарматсевтӣ ва истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ аз самтҳои ояндадору судовари робитаҳо номида шуд.

Таъсиси корхонаҳои муштараки саноати бофандагӣ, ташкили занҷираи ягонаи истеҳсолӣ, рушди бахши коркарди пахта, пӯст ва пашм бо ҷалби сармоя ва технологияи Русия зарур шумурда шуд.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо инчунин оид ба дигар мавзӯҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугуи судманд анҷом доданд.

Источник: president.tj