Мубодилаи зиндониён миёни Эрону Тоҷикистон

0
52

Мубодилаи зиндониён миёни Эрону Тоҷикистон

Муовини ҳуқуқи башар ва умури байналмилали вазири додгустарӣ, аз мубодилаи яке аз маҳкумони эронӣ бо як маҳкуми тоҷикистонӣ дар Душане хабар дод

ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Маҳмуди Аббос афзуд, ин мубодила бо ҳузури мушовири муовини ҳуқуқи башари вазири додгустарӣ ва мақомоти қазоии Тоҷикистон анҷом ефт, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей”.

Вай афзуд, дар ондаи наздик теъдоди дигаре аз зиндониёни ду кишвар мубодила хоҳанд шуд.

Раиси Кумитаи интиқоли маҳкумони Вазорати додгустарӣ ҳамчунин аз истирдоди як муттаҳами туркманистонӣ дар марзи ду кишвар хабар дод ва ибрози умедворӣ кард, ки ба зудӣ боқимондаи маҳкумони эрноӣ аз Туркманистон ва Ҷумҳурии исломии Эрон таҳвил шаванд.

Ёдрас мешавем, ки моҳи ноябри соли гузашта панҷ нафар аз эрониёни зиндонӣ дар Тоҷикистон пас аз қабули қонуни афв бо пайгириҳои сафорати Эрон дар Душанбе озод шуда буданд.

Ин афрод пас аз озодӣ аз зиндонҳои Тоҷикистон ба Эрон бозгаштаанд.

Источник: sputnik-tj.com