Мубодилаи барқияҳои табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Амири Давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ

0
241

Имрӯз миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Амири Давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ ба муносибати 25-умин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишвар мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба амал омад.

Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Амири Давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ омадааст:

«Аълоҳазрат,

Бо камоли сарфарозӣ Шуморо ба муносибати биступанҷумин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар самимона табрику муборакбодӣ менамоям.

Пас аз ин рӯйдоди барои ҳарду ҷониб мубораки таърихӣ кишварҳои мо робитаҳои байнидавлатии худро дар заминаи сифатан нав ба роҳ монда, ба эҳёи пайвандҳои чандинасра ва анъанаҳои муносибатҳои ҳасанаи байни ду мардуми ба ҳам бародар ҳусни оғоз бахшиданд.

Роҳандозии муколамаи фаъоли сиёсӣ дар сатҳҳои мухталиф, минҷумла дар сатҳи олӣ, ҳамкориҳои барои ҷонибҳо судманд дар арсаҳои гуногуни мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, инчунин ҳамёрии созанда дар ҳошияи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ самараҳои ин марҳилаи дурахшони робитаҳои байнидавлатии мо мебошанд.

Бо истифода аз фурсати фараҳбахш мехостам аҳамияти густариши минбаъдаи ҳамкориҳои судманди байни кишварҳоямонро ба манзури таъмини зиндагии осоиштаи мардумонамон муҷаддадан таъкид намоям.

Итминон дорам, ки боздиди Шумо аз Тоҷикистон дар аввалин фурсати муносиб ба ин раванд такони тоза хоҳад бахшид.

Бо ин умеди нек ба ояндаи дурахшони муносиботи гуногунҷанбаи байни кишварҳоямон аз даргоҳи Худованди мутаол ба Шумо, Аълоҳазрат, сиҳатии комилу муваффақиятҳои нав ба нав ва ба мардуми дӯсти Давлати Қатар рӯзгори ободу осоишта ва шукуфоии бардавом таманно дорам».

Дар барқияи табрикии Амири Давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, чунин гуфта шудааст:

«Бародари азиз, Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон,

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу.

Боиси хурсандии ман аст, ки ба муносибати 25-умин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни Давлати Қатар ва Ҷумҳурии Тоҷикистони бародар, ки ба 13-уми декабри соли ҷорӣ рост меояд, Шуморо, Ҷаноби Олӣ, аз номи мардуми Давлати Қатар ва шахсан аз номи худ самимона табрику таҳният гӯям.

Мо дар робита ба муносибатҳои ду кишвар, ки ба шарофати талошҳои муштараки мо шоҳиди рушди бемайлон мебошанд, изҳори қаноатмандӣ намуда, азми худро ҷиҳати идомаи кору ҳамкорӣ бо Шумо ба хотири дастгирӣ ва таҳкими он дар арсаҳои мухталиф, ки ба нафъу суди мардумони бо ҳам бародари мо хоҳад буд, таъкид менамоем.

Бо истифода аз ин фурсати муносиб ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, саодату саломатии бардавом ва ба мардуми бародари Тоҷикистон пешрафту шукуфоии беш аз пешро орзу менамоям».

Источник: president.tj