Мубодилаи барқияҳои табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев

0
84

Имрӯз миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев ба муносибати 30-юмин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишвар мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба амал омад.

Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев омадааст:

«Муҳтарам Касым-Жомарт Кемелевич,

 Ба муносибати рӯйдоди хотирмон дар таърихи навтарини робитаҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон – 30-солагии барпо намудани муносибатҳои дипломатӣ миёни давлатҳои мо бо камоли фараҳмандӣ ба Шумо ва мардуми бародари Қазоқистон табрикоти самимӣ ва таманниёти беҳтарини ин ҷонибро ирсол менамоям.

 Ҷониби Тоҷикистон натиҷаҳоеро, ки кишварҳои мо тӯли ин давра дар роҳи таҳкиму тавсеаи робитаҳои дӯстӣ ба даст овардаанд, хеле арзишманд медонад. Дар ин зимн асосҳои боэътимоди шартномавию ҳуқуқӣ ва василаҳои муассири танзими ҳамкории байнидавлатӣ ба вуҷуд оварда шудаанд. Боиси хушнудист, ки муносибатҳои ҳамкории мо бо такя ба ин заминаи мустаҳкам ва усулҳои халалнопазири эътимоду эҳтироми якдигарӣ ва шарикии стратегӣ имрӯзҳо дар ҳамаи самтҳо бо суръати баланд рушд ёфта истодаанд.

Бовар дорам, ки мо мутобиқ ба манфиатҳои аслии мардумонамон минбаъд низ ҷиҳати ба сатҳи боз ҳам баландтар баровардани ҳамкориҳои амалии мутаносибан судманди ҷонибҳо саъю талоши муштарак ба харҷ хоҳем дод.

Аз самими қалб ба Шумо, муҳтарам Қосим–Жомарт Кемелевич, сиҳатмандии бардавом ва дар фаъолияти давлатиатон комёбиҳои бузург, ба мардуми дӯсти Қазоқистон сулҳу пешрафти устувор ва шукуфоӣ орзумандам».

Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, чунин гуфта шудааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!

Табрикоти самимии маро ба муносибати 30-солагии барпо намудани муносибатҳои дипломатӣ миёни Қазоқистон ва Тоҷикистон қабул фармоед.

Дар тӯли солҳои сипаришуда кишварҳои мо робитаҳои байнидавлатии гуногунҷанба ва мутаносибан судмандро роҳандозӣ намудаанд, ки дар рӯҳияи шарикии воқеан стратегӣ бемайлон таҳким ёфта истодаанд.

Муколамаи ошкорову боэътимод дар ҳамаи сатҳҳо, рушди босуръати ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ, ҳамчунин, ҳамкориҳои бомуваффақияти ду кишвар дар арсаи байналмилалӣ далели ин гуфтаҳо мебошанд.

Марҳалаи навро дар таърихи муносибатҳои дуҷонибаамон ҳусни оғоз бахшида, омодагии худро барои кори зичи муштарак бо Шумо ҷиҳати ба сатҳи боз ҳам баландтар баровардани ҳамкории Қазоқистон ва Тоҷикистон бори дигар таъкид менамоям. 

Ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, дар фаъолияти давлатии пурмасъулатон комёбиҳои минбаъда ва ба мардуми бародари Тоҷикистон некӯаҳволӣ ва шукуфоӣ орзумандам».

Источник: president.tj