Муассисаи ободонию кабудизоркунии шаҳри Ҳисор: ҳосили зироати полезӣ ба кормандон ройгон тақсим мешавад

0
104

Муассисаи ободонию кабудизоркунии  шаҳри Ҳисор: ҳосили  зироати полезӣ ба кормандон ройгон тақсим  мешавад

ДУШАНБЕ, 23.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади истифодаи самараноки ҳар ваҷаб қитъаи замини корам  дар заминҳои хоҷагии ёрирасони Муассисаи ободонию кабудизоркунии назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, ки ба парвариши гулу бутта ва ниҳоли дарахтони ороишӣ машғул аст, парвариши зироати полезӣ ба роҳ монда шуд.

Директори Муасисаи ободонию кабудизоркунии назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор Мӯсо Сироҷов мегӯяд, ки ҳосили ин зироати полезӣ ба кормандон ройгон тақсим карда мешавад.

Муассисаи мазкур ду сол қабл ташкил шуда, барои таъсиси хоҷагии ёрирасон бо қарори раиси шаҳр 1 га замин ҷудо карда шуд. Имрӯз дар хоҷагии зикршуда дар баробари парвариши ниҳолу буттаҳои ороишӣ беш аз 100 000 бех гулҳои гуногун  парвариш меёбанд. Агар соле қабл мақомоти иҷроияи ноҳия ва ташкилоту муассисаҳои шаҳр аз дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ гулу бутта ва дарахтони сояафкану ороишӣ харидорӣ карда бошанд, минбаъд хоҷагӣ дар баробари таъмини талаботи сокинон метавонад онро ба  дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳам фурӯшад.

Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода зимни боздид аз заминҳои хоҷагии Муассисаи ободонию кабудизоркунӣ ба масъулин  супориш дод, ки навъҳои гулу бутта ва ниҳолҳоро афзун намуда, ба парвариши онҳо эътибори бештар диҳанд.

Источник: khovar.tj